Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

  1. Сармутахассиси шуъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112 сомонӣ.
  5. Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 913 сомонӣ.
  6. Мутахассиси шуъбаи рушди иытисод ва савдои маыомоти ижроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 913 сомонӣ.

 

Ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон:

  1. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати шаҳраки Палос - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1236 сомонӣ.
  2. Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати шаҳраки Палос -1 ҷой, маоши мансабӣ - 1236 сомонӣ.
  3. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати шаҳраки Палос-1 ҷой, маоши мансабӣ - 1236 сомонӣ.
  4. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Палос - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1112 сомонӣ.

 

       Талаботи тахассусӣ

    Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби  ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ  ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

            Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

 

Талаботи тахассусӣ

         Барои ишғоли мансаби мутахассис:

-таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

Барои иштирок дар озмун

ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомот;

- варақаи баҳисобгирии кадрҳо;

- шарҳи ҳол;

- нусхаи диплом;

- 2 дона расми 3х4;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;

- нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  038 У;

- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

-маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ;

-маълумотнома (справка- объективка).

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Бўстон, кўчаи Опланчук 2а, бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бўстон, ошёнаи 1,  шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр.

Телефонҳо барои тамос: 8-(34-51) 5-18-22, 5-11-77.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

      Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.