Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Мудири бахши саноат, энергетика ва нақлиёту коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1497 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361 сомонӣ.
  4. Сармутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбари бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112 сомонӣ.
  6. Мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 913 сомонӣ.
  7. Мутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 913 сомонӣ.
  8. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Кӯлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ.
  9. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Зарбдор - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ.
  10. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Зиракӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ.

 

  1. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Даҳана - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ.
  2. Сармутахассис - сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Кӯлоб – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ.
  3. Сармутахассис- сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Зарбдор - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ.
  4. Сармутахассис оид ба соҳаи омори Ҷамоати деҳоти Кӯлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ.
  5. Сармутахассис оид ба соҳаи омори Ҷамоати деҳоти Зарбдор - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ.
  6. Сармутахассис оид ба соҳаи омори Ҷамоати деҳоти Зиракӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ.
  7. Сармутахассис оид ба соҳаи омори Ҷамоати деҳоти Даҳана - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ.
  8. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Кӯлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1012 сомонӣ.
  9. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Зиракӣ - 1 ҷой маоши мансабӣ – 1012 сомонӣ.
  10. Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Кӯлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1012 сомонӣ.
  11. Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Зиракӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1012 сомонӣ.
  12. Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи андози Ҷамоати деҳоти Зарбдор - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1012 сомонӣ.
  13. Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи андози Ҷамоати деҳоти Зиракӣ - 1 ҷой.маоши мансабӣ - 1012 сомонӣ.
  • Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Зарбдор - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 830 сомонӣ.
  1. Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Зиракӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 830 сомонӣ.
  • Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Даҳана - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 930 сомонӣ.     

                           

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мудири бахш:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизматидавлатиро таъмин карда метавонад;

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии  меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- малакаи кор бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

- малакаи кор бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-малакаи кор бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

- малакаи кор бо компютер.

 

Барои иштирок дар озмун

ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод мешаванд:

- ариза ба унвони Раиси шаҳр;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ

  надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 0,38УЕ;

- нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

       Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Телефонҳо барои тамос: (8-33-22)  2-29-06, 2-28-26,

шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб;

 Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

 Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.