Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ, минтақашиносии хориҷӣ, иқтисодӣ ва идоракунии давлатӣ;

- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи  умумии меҳнатӣ;

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мазкурро ба танзим медароранд;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ - 2115,08 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ, минтақашиносии хориҷӣ, иқтисодӣ ва идоракунии давлатӣ;

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мазкурро ба танзим медароранд;

Маоши мансабӣ – 1286,50 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ, минтақашиносии хориҷӣ, иқтисодӣ ва идоракунии давлатӣ;

- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мазкурро ба танзим медароранд;

  Маоши мансаб – 1062,40 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

  1. Сармутахассиси раёсати таҳлил ва банақшагирии захираи давлатӣ – 2 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ва гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мазкурро ба танзим медароранд;

  Маоши мансаб – 1577 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

  1. 5. Сармутахассиси бахши идораи захираи сафарбарӣ – 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ва гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мазкурро ба танзим медароранд;

  Маоши мансаб – 1577 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

  1. Мутахассиси раёсати кадрҳо, хоҷагидорӣ ва корҳои махсус – 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ва гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мазкурро ба танзим медароранд;

  Маоши мансаб – 1062,40 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

  1. Мутахассиси бахши коргузорӣ ва назорат – 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ва гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мазкурро ба танзим медароранд;

  Маоши мансаб – 1062,40 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- аризаи шахсӣ ба номи директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо 2 дона расми андозаи 4х6 ва 3х4);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулкӣ;

-маълумотнома (объективка);

-маълумотнома оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри.Душанбе, кўчаи Ҳусейнзода 14,

Телефонҳо барои тамос: 227-36-83, факс 227-21-33.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.