Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъиз - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 3635,60 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2011,50 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ  ва ҳуқуқи  соҳибкорони  Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2011,50 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъиз – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1494,00 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Вилояти Хатлон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1170,30 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1170,30 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби муовини сардори шуъба:

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
  • Донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
  • донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ.

 

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

  • таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

   Донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ.

 

Барои иштирок дар озмун  
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомот;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 адад акси 3х4;

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулкӣ;

- маълумотнома оид    ба надоштани доғи судӣ;

- дигар ҳуҷҷатҳо дар мавридҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Душанбе, кӯчаи Бохтар -10,

Телефон барои тамос: 221-47-87

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

 Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.