Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Мудири бахши таҳлили харҷномаҳои Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1653,90 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари бахши кадрҳо ва ҳуқуқи Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ - 1 ҷой, - маоши мансабӣ - 1228,40 сомонӣ.
  3. Мутахассиси бахши таҳлили харҷномаҳои Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ - 1 ҷой, - маоши мансабӣ - 1012,60 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мудири бахш:

 – таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санаду меъёрҳои соҳавӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мудири бахшро ба танзим медарорад;
-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер;

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

 – таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
–  1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

–  ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинӣ кардашуда;

– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 3х4 ва 4х6);

– тарҷумаи ҳол;

– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ

– маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  038 УЕ;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи хати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ

(агар шахс оиладор бошад);

-нусхаи дафтарчаи ҳарбӣ ё ҳуҷҷати ивазкунандаи он;

– нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

– маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

– маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;

-дигар ҳуҷҷатҳое, ки бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии

Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Бахши кадрҳо ва ҳуқуқ

Телефонҳо барои тамос: 223-17-59