Рейтинг:  5 / 5

Звезда активнаЗвезда активнаЗвезда активнаЗвезда активнаЗвезда активна
 
  1. Сармутахассис оид ба кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба шуъбаи Механизмҳои нави маблағгузорӣ ва татбиқи ислоҳоти тандурустӣ - 1 ҷой,

 Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии тиббӣ;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии шуъбаи «Механизмҳои нави маблағгузорӣ ва татбиқи ислоҳоти тандурустӣ»-ро ба танзим медароранд;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо компютер. 

     Маоши мансабӣ – 1428,0 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Сармутахассис оид ба сохтмон ба шуъбаи «Молиявӣ-ҳисоботӣ» - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбӣ – (сохтмончӣ) меъмор;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медароранд;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо компютер; 

    Маоши мансабӣ – 1428,0 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси пешбари сохтори госпиталӣ ба шуъбаи Механизмҳои нави маблағгузорӣ ва татбиқи ислоҳоти тандурустӣ - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии тиббӣ;

- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии шуъбаи Механизмҳои нави маблағгузорӣ ва татбиқи ислоҳоти тандурустӣ-ро ба танзим медароранд;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо компютер. 

     Маоши мансабӣ – 1170,0 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассис оид ба корҳои умумӣ ба шуъбаи Ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модару кўдак - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбӣ;

- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медароранд;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-  донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо компютер.  

      Маоши мансабӣ – 963,0 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Барои иширок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

– ариза ба унвони сардори Раёсати тандурустии вилоят;

– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона расм (4х6);

– тарҷумаи ҳол;

– нусхаи шиноснома;

– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

– нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

– маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;

– маълумотнома дар бораи вазъи амволи шахсӣ (Эъломия аз даромад);

–маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ;

–хислатнома аз ҷои кор (барои ашхосе, ки кор мекунад);

– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд)

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Хуҷанд, хиёбони ба номи Раҳмон Набиев 45, бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ошёнаи 1, утоқи №119.

Телефонҳо барои тамос: 8 (3422).4-65-59, 4-65-92.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

 Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.