Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

 Сармутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хоруғ - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-.таҳсилоти олии молиявӣ, иқтисодӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.   

-.2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-.малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеъа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-.донистани забони давлатӣ ҳатмист ва ба донандагони яке аз забонҳои хориҷӣ бартарият дода мешавад;

-.маҳорати кор бо технологияи муосир (компютер).

     Маоши мансабӣ – 1271 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

2. Мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Ванҷ – 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-.таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ, ки ичрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-.малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-.донистани забони давлатӣ ҳатмист ва ба донандагони яке аз забонҳои хориҷӣ бартарӣ дода мешавад;

-.маҳорати кор бо технологияи муосир (компютер).

   Маоши мансабӣ – 997 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

3. Мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Рошқалъа – 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-.таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-.малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-.донистани забони давлатӣ ҳатмист ва ба донандагони яке аз забонҳои хориҷӣ бартарӣ дода мешавад;

-.маҳорати кор бо технологияи муосир (компютер).

     Маоши мансабӣ – 997 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои

зеринро пешниҳод менамоянд:

  • - ариза ба номи раиси шаҳр;
  • - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
  • - тарҷумаи ҳол;
  • - нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
  • - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
  • - маълумотнома оид ба вазъи саломати дар шакли 038 УЕ;
  • - нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
  • - маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
  • - нусхаи шиноснома;
  • - нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
  • - маълумотнома оид ба доғи судӣ

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

  Шаҳри Хоруг, кӯчаи Н.Атобек 16, бинои Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ВМКБ , ошёнаи 2.

Индекс 736000

Телефон барои тамос: \ факс: (83522) 2 – 43– 93, 2 – 60 – 64

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.