Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

1.Сардори Раёсати рушди сайёҳии Кумита – 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-  таҳсилоти олии касбии соҳаи сайёҳӣ, иқтисодӣ, байналмилалӣ, ҳуқуқшиносӣ, соҳаи идоракунии давлатӣ, технологияҳои муосири электронӣ ва дигар ихтисосҳои ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияҳои дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ва ё 7 сол собиқаи умумиии меҳнат;

 -  донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

-  донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-  донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабии мутахассиси Шуъбаро  ба танзим медароранд;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-  мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-  на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

- Маоши мансабӣ - 3143,90 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Сардори Шуъбаи муҳосибот ва хоҷагии Кумита - 1 ҷой,

  Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ, молиявӣ, технологияҳои муосири электронӣ ва дигар ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;

- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-  донистани таърих, фарҳанг, муқадасоти милли, забони давлатӣ ва як забонӣ хориҷӣ;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабии мутахассиси Шуъбаро  ба танзим медароранд;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-  мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-  на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

-  кор карда тавонистан бо компютер;

     Маоши мансабӣ - 2115,80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мудири Бахши иқтисод ва банақшагирии Кумита – 1 ҷой,

 Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ, молиявӣ ва дигар ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;

-  3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-  донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

-  донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-  донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- дониш ва малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-  на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

-  кор карда тавонистан бо компютер;

         Маоши мансабӣ - 1735,85 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси Шуъбаи муҳосибот ва хоҷагии Кумита - 1ҷой,

 Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-  таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ, молиявӣ ва дигар ихтисосҳои ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқадасоти милли, забони давлатӣ ва як забонӣ хориҷӣ;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабии мутахассиси Шуъбаро  ба танзим медароранд;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-  на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

-  кор карда тавонистан бо компютер;

Маоши мансабӣ - 1062,40 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

Барои иштирок дар озмун аз довталабон ҳуҷҷатҳои

зерин талаб карда мешаванд:

-аризаи шахсӣ ба номи Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона акси андозаи 4х6 (маълумотҳои шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дақиқ ва фаҳмо нишон дода шавад);

-тарҷумаи ҳол (хаттӣ ва чопӣ);

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли № 038);

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

-эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молу мулкии худ (эъломияи андоз);

 -нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро  адо намудаанд).

-маълумотнома аз ҷои истиқомат;

-маълумотнома оиди доғи судӣ (ИТС);

-нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);

-маълумотнома (объективка) дар шакли хаттӣ ва электронӣ.

 

Суроғағаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Душанбе, кӯчаи Академик Раҷабовҳо 3,

индекс: 734025,

Телефон барои тамос: (372) 27-85-79