Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сармутахассиси раёсати омори меҳнат, шуғли аҳолӣ, иҷтимоӣ ва соҳибкорӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1186,20 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари шуъбаи омори нарху тарифа – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1170,30 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари раёсати омори савдо ва хизматрасонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1170,30 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари бахши омори н. Фирдавсӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1112,20 сомонӣ.
  5. Мутахассиси раёсати омори саноат ва сохтмон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 962,80 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-  малакаи кор бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-  малакаи кор бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-  малакаи кор бо компютер.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин

пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомот;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (акси рангаи андозаи 3х4, 4 дона);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи хуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли №38УЕ);

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

 - тавсифнома аз ҷои кори пешина

- маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ-127, индекс:734029,

Телефон барои тамос:.225-44-66.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд

  ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-84-47 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.