Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Мудири шуъбаи банақшагирӣ, ояндабинӣ ва омори Раёсати маорифи вилоят - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1915 сомонӣ.
  2. Мутахассиси шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати маорифи вилоят – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 963 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мудири шуъба:

- таҳсилоти олии омӯзгорӣ, махсуси омӯзгорӣ, ё ҳуқуқшинос.

- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии омӯзгорӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- донистани забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», инчунин дигар қонунҳо ва  санадҳои ҳуқуқии соҳаи маориф ва хизмати давлатӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

- таҳсилоти олии  омӯзгорӣ махсуси омӯзгорӣ, ё ҳуқуқшинос.

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- донистани забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», инчунин дигар қонунҳо ва  санадҳои ҳуқуқии соҳаи маориф ва хизмати давлатӣ;

 

Барои иштирок дар озмун  
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

 - аризаи шахсӣ ба унвони сардори раёсат;  

 - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

 - тарҷумаи ҳол;

 - нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

 - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

 - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

 - нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

 - маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

 - нусхаи шиноснома;

 - нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо

  намудаанд)

  - маълумот оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ

-маълумотнома аз ҷойи  истиқомат

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Хучанд, кӯчаи Шарқ, №29.

Телефонҳо барои тамос: 6-68-92,  4-34-62.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд

  ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-84-47 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.