Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Дастгоҳи раиси ноҳия

  1. Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Ховалинг – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1736 сомонӣ.
  2. Мудири бахшии умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳияи Ховалинг - 1ҷой, маоши мансабӣ - 1423 сомонӣ.

 

Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия:

  1. Сармутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1294 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1064,20 сомонӣ.

 

Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот:

  1. Мутахассиси пешбар, нозири мизи ҳарбии ҷамоати шаҳраки Ховалинг - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1064,20 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари ҷамъоварии андози ҷамоати шаҳраки Ховалинг - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1064,20 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҷамоати шаҳраки Ховалинг – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1064,20 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари ҷамъоварии андози ҷамоати деҳоти Ҷомбахт – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1064,20 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҷамоати деҳоти Ҷомбахт – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1064,20 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбари ҷамъоварии андози ҷамоати деҳоти Ҷомбахт - 1ҷой, маоши мансабӣ - 1064,20 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мудири шуъба:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолнамуда  мувофиқ,  ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-  4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва ё 5 сол собиқаи умумии корӣ;

-  малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа ва кор дар компютер.     

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мудири бахш:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолнамуда  мувофиқ,  ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва ё 4 сол собиқаи умумии корӣ;

-  малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа ва кор дар компютер.     

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолнамуда  мувофиқ,  ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-  2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва ё 3 сол собиқаи умумии корӣ;

-  малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа ва кор дар компютер.     

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолнамуда  мувофиқ,  ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-  малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа ва кор дар компютер.     

 

Барои иштирок дар озмун  ҳуҷҷатҳои

зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли замимаи 1;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи

меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 036 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот дар бораи ҷойи зист ва оиладорӣ;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо

намудаанд).

-гувоҳнома дар бораи надоштани доғи судӣ

 

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Ноҳияи Ховалинг, кӯчаи И.Сомонӣ 1, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия

Телефонҳо барои тамос:  8331720280, 918616187

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд

  ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-84-47 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.