Рейтинг:  5 / 5

Звезда активнаЗвезда активнаЗвезда активнаЗвезда активнаЗвезда активна
 
  1. Сармутахассиси бахши иттилоот ва кор бо васоити ахбори оммаи Раёсати стандартҳо,таҳлил, рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ – 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии филологӣ, рӯзноманигор, иқтисодӣ ва ҳуқуқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;

- 3 сол собиқаи кории касбӣ (банди 1 моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷуумҳурии Тоҷикистон аз 22.06.2023 №1977);

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мазкурро ба танзим медароранд;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ  забони хориҷӣ (бартарӣ дорад);

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ ва банақшагирии раванди кор;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер;

Маоши мансабӣ - 2011 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Сармутахассиси шуъбаи молия ва хоҷагидорӣ - 1 ҷой,

 Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ, молиявӣ, аудит ва баҳисобгирии муҳосибӣ;

- 3 сол собиқаи кории касбӣ (банди 1 моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷуумҳурии Тоҷикистон аз 22.06.2023 №1977);

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаи молияи давлатӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва хизмати давлатӣ;

- дониши идоракунии техникӣ ва барномаҳои системаҳои компютерӣ;

- донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист ва донистани яке аз забонҳои хориҷӣ (бартарият дода мешавад);

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

 Маоши мансабӣ - 2011 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Сармутахассиси шуъбаи пешбурди технологияҳои иттилоотию иртиботии Раёсати рушди технологияҳои иттилоотию иртиботӣ - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии муҳандис - систематехник, барномасоз;

- 3 сол собиқаи кории касбӣ (банди 1 моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷуумҳурии Тоҷикистон аз 22.06.2023 №1977);

- донистани Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ва барномаҳои СТД (ГОСТ IEC 60950-2011,  СТД Р51318.22-99)

- донистани принсипи кории коммутаторҳо, маршрутизаторҳо, xDSL модемҳо ва фаерволҳо;

- доштани таҷрибаи амалӣ бо пешбурди шабакаҳои компютерӣ ва барномаҳои системаҳои компютерӣ;

- донистани забонҳои русӣ (техникӣ) ва англисӣ (техникӣ) ҳатмӣ мебошад;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

 Маоши мансабӣ - 2011 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи стандартҳо ва таҳлили Раёсати стандартҳо, таҳлил, рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ – 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии иқтисодӣ, молиявӣ, аудит ва ҳуқуқ;

- 3 сол собиқаи кории касбӣ (банди 1 моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷуумҳурии Тоҷикистон аз 22.06.2023 №1977;

- донистани Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мансаби мазкурро ба танзим медароранд;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забони хориҷӣ (бартарӣ дорад);

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- бо воситаҳои техникаҳои иттилоотӣ кор карда тавонистан.

 Маоши мансабӣ - 1494 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи молия ва хоҷагидорӣ -1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ, молиявӣ, аудит ва баҳисобгирии молиявӣ;

- 3 сол собиқаи кории касбӣ (банди 1 моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷуумҳурии Тоҷикистон аз 22.06.2023 №1977);

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ва хизмати давлатӣ;

- донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист ва донистани яке аз забонҳои хориҷӣ (бартарият дода мешавад);

- дониши идоракунии техникӣ ва барномаҳои системаҳои компютерӣ;

 Маоши мансабӣ - 1494 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуқуқ – 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии  ҳуқуқшиносӣ;

- 3 сол собиқаи кории касбӣ (банди 1 моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷуумҳурии Тоҷикистон аз 22.06.2023 №1977);

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва хизмати давлатӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ;

- донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ ҳатмист;

- доштани малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ - 1494 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи пешбурди технологияҳои иттилоотию иртиботии Раёсати рушди технологияҳои иттилоотию иртиботӣ - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии муҳандис - систематехник, барномасоз;

-3 сол собиқаи кории касбӣ (банди 1 моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷуумҳурии Тоҷикистон аз 22.06.2023 №1977);

-донистани Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ва барномаҳои СТД (ГОСТ IEC 60950-2011,  СТД Р51318.22-99);

-донистани принсипи кории коммутаторҳо, маршрутизаторҳо, xDSL модемҳо ва фаерволҳо;

-доштани таҷрибаи амалӣ бо пешбурди шабакаҳои компютерӣ ва барномаҳои системаҳои компютерӣ;

-донистани забонҳои русӣ (техникӣ) ва англисӣ (техникӣ) ҳатмӣ мебошад.

        Маоши мансабӣ - 1494 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси Раёсат оид ба масъалаҳои назорати буҷети соҳаи мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии молиявӣ, иқтисодӣ, аудит, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳуқуқ;

- 3 сол собиқаи кории касбӣ (банди 1 моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷуумҳурии Тоҷикистон аз 22.06.2023 №1977);

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забони хориҷӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер;

 Маоши мансабӣ - 1228 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси шуъбаи назорат ва таҳлили соҳаҳои андоз, корҳои сохтмонӣ ва хариди давлатии Раёсат оид ба масъалаҳои назорати буҷети соҳаи мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ -1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии молиявӣ, иқтисодӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит;

- 3 сол собиқаи кории касбӣ (банди 1 моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷуумҳурии Тоҷикистон аз 22.06.2023 №1977);

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мавҷудияти дониш барои истифодабарии қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забони хориҷӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер;

 Маоши мансабӣ - 1228 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси шуъбаи стандартҳо ва таҳлили Раёсати таҳлил, рушд, стандарт ва ҳамкориҳои байналмилалӣ - 1 ҷой,

 Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ, молиявӣ, аудит, ҳуқуқ ва баҳисобгирии муҳосибӣ;

-3 сол собиқаи кории касбӣ (банди 1 моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷуумҳурии Тоҷикистон аз 22.06.2023 №1977);

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мазкурро ба танзим медароранд;

-доштани таҷрибаи амалӣ бо пешбурди шабакаҳои компютерӣ ва барномаҳои системаҳои компютерӣ;

-донистани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва донистани яке аз забонҳои хориҷӣ ҳатмист;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 Маоши мансабӣ - 1228 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, омўзгорӣ, мутахассисони гуманитарӣ ва касбӣ;

-3 сол собиқаи кории касбӣ (банди 1 моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷуумҳурии Тоҷикистон аз 22.06.2023 №1977);

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки соҳаҳои фаъолияти хизмати давлатӣ, соҳавӣ ва хадамоти кадриро ба танзим медарорад;

-донистани фарҳанг, таърих, муқаддасоти миллӣ;

-доштани дониши идоракунии техникӣ ва барномаҳои системаҳои компютерӣ;

-донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист ва донистани яке аз забонҳои хориҷӣ бартарият дода мешавад;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 Маоши мансабӣ - 1228 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад:

- ҷузъдон (скоросшиватель);

- аризаи шахсӣ ба номи  Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли муқарраргардида;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо дар шакли муқарраргардида (маълумотҳои шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дақиқ, пурра ва фаҳмо нишон дода шавад);

- тарҷумаи ҳол бо шакли муқарраргардида;

- 2 дона акси андозаи 4х6 ва 2 дона акси андозаи 3х4;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, дараҷаи илмӣ ва такмили ихтисос (агар чунин ҳуҷҷатҳо бошанд);

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот (эъломия) дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);

- нусхаи шиноснома;

- маълумотномаи доғи судӣ (МА ВКД ҶТ)

- нусхаи билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи бақайдгирии ҳарбӣ;

- маълумотнома (объективка) дар шакли хаттӣ ва электронӣ.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Душанбе, хиёбони Рўдакӣ 36, индекс: 734025,

Телефон барои тамос 227-38-74, почтаи электронӣ:Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Довталабон метавонанд бо маълумоти иловагӣ, аз ҷумла намунаи аризаи шахсӣ ба номи  Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо, тарҷумаи ҳол, маълумотнома ва бо дигар маълумоти иловагӣ аз сомонаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон www.sai.tj  шинос шаванд.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд

  ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-84-47 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.