Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  шаҳри Бӯстон

  1. Сармутахассиси шуъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1112 сомонӣ.
  4. Мутахассиси шуъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 913 сомонӣ.

 

Ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон:

  1. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати шаҳраки Палос -1 ҷой, маоши мансабӣ - 1236 сомонӣ.
  2. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати шаҳраки Палос - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1236 сомонӣ.
  3. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Палос - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1112 сомонӣ.

 

Барои иштирок дар озмун

ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомот;

- варақаи баҳисобгирии кадрҳо;

- шарҳи ҳол;

- нусхаи диплом;

- 2 дона расми 3х4;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;

- нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 ЕУ;

- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

-маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ;

-маълумотнома (справка- объективка).

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби  ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад,

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3  сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

-таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Бӯстон, кӯчаи Опланчук 2а, бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон, ошёнаи 1,  шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр.

Телефонҳо барои тамос: 8-(34-51) 5-18-22, 5-11-77.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд

  ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-84-47 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.