Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Дастгоҳи марказӣ:

  1. Сардори раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 3300,35 сомонӣ.
  2. Сардори раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 3300,35 сомонӣ.
  3. Сармутахассис (ҳуқуқшинос)-и шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ, эътироф ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилот дар давлатҳои хориҷӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1660,00 сомонӣ.
  4. Сармутахассиси бахши молия ва муҳосибот – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1660,00 сомонӣ.
  5. Сармутахассиси Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1475,20 сомонӣ.
  6. Мутахассиси Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1010,40 сомонӣ.
  7. Мутахассиси пешбари Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1170,3 сомонӣ.
  8. Мутахассиси Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 962,8 сомонӣ.
  9. Сармутахассиси Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Хатлон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1427,6 сомонӣ.
  10. Мутахассиси пешбари Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Хатлон – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1170,3 сомонӣ.
  11. Мутахассиси Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Хатлон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 962,80 сомонӣ.
  12. Мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Кулоби вилояти Хатлон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1170,3 сомонӣ.
  13. Мутахассиси шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Кулоби вилояти Хатлон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 962,80 сомонӣ.
  14. Сармутахассиси шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Рашт – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1294,80 сомонӣ.
  15. Мутахассиси пешбари Шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Рашт – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1062,40 сомонӣ.

 

Талаботи тахассуси

Барои ишғоли мансаби сардори раёсат:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад:

-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм, 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ:

-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ,банақшагирии рованди кор ва кор бо тобеон:

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талаботи тахассуси

Барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талаботи тахассуси

Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

 

Талаботи тахассуси

Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис:

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

 

Барои иштирок дар озмун

ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

 

- ариза ба унвони роҳбари мақомот;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 3 дона акси андозаи 4 х 6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷчатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома  оид ба вазъи саломатии шакли 038УЕ;

- нусхаи рақами мушахасси андозсупоранда (ИНН);

- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

 

Суроғаи   қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Садриддин Айнӣ 126, шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ, эътироф ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилот дар давлатҳои хориҷӣ (Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе, ошёнаи 3),

Телефонҳо барои тамос: 225-83-28, 225-83-32.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд

 ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-84-47 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.