Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сармутахассиси бахши ташкилӣ ва мутобиқати Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1502,30 сомонӣ.
  2. Мутахассиси бахши таҳлили харҷномаҳои Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1012,60 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешни
ҳод карда мешаванд:

-  ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинӣ кардашуда;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 3х4 ва 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  038 УЕ;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи хати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ

(агар шахс оиладор бошад);

-нусхаи дафтарчаи ҳарбӣ ё ҳуҷҷати ивазкунандаи он;

- нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;

-дигар ҳуҷҷатҳое, ки бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии

Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳусейнзода 34.

Телефон барои тамос: 223-17-59

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-84-47 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.