Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сардори раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 3143 сомонӣ.
  2. Муовини сардори раёсати шаҳрсозӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2585 сомонӣ.
  3. Сардори шуъбаи ҳуқуқ - 1 ҷой, маоши мансаби - 2115 сомонӣ.
  4. Сармутахассиси раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ - 2 ҷой, маоши мансабӣ - 1577 сомонӣ.
  5. Сармутахассиси раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1577 сомонӣ
  6. Сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1577 сомонӣ
  7. Мутахассиси пешбари раёсати корҳо - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1286 сомонӣ.  
  8. Мутахассиси пешбари раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон 1 ҷой, маоши мансабӣ 1286 сомонӣ.
  9. Мутахассиси раёсати шаҳрсозӣ - 2 ҷой, маоши мансабӣ - 1062 сомонӣ.
  10. Мутахассиси шуъбаи ҳуқуқ - 1 ҷой, маоши   мансабӣ  - 1062 сомонӣ.
  11. Мутахассиси раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1062 сомонӣ.
  12. Мутахассиси раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1062 сомонӣ.

      

     Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сардори раёсат:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 3 сол собиқаи хизмати  давлатӣ дар  мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби муовини сардори раёсат:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи  хизмати  давлатӣ  дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сардори шуъба:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5  сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

-таҳсилоти олии касбӣ,  ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

-таҳсилоти олӣ ё миёнаи  касбӣ,  ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои

зерин пешниҳод карда мешаванд:

-ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳои  (бо 2 дона акси андозаи 4x6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

- маълумотномаи доѓи судӣ

-маълумотнома (объективка)

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Душанбе, хиёбони Ҳусейнзода – 36.

Телефон барои тамос:  221-98-59.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд

 ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-84-47 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.