Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сармутахассиси Раёсати назорат ва коргузорӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1502,30 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси Раёсати банақшагии муҳосибот ва молия – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1502,30 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси Раёсати таъминот ва хоҷагӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1502,30 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари Раёсати банақшагии муҳосибот ва молия – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1228,40 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбари Раёсати шабакаҳои давлатӣ – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1228,40 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбари шуъбаи мониторинги ифлосшавии обҳои рўи замин ва нурафкании Раёсати мониторинги муҳити зист – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1228,40 сомонӣ.
  7. Мутахассиси шуъбаи мониторинги ифлосшавии обҳои рўйи замин ва нурафкании Раёсати мониторинги муҳити зист  - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1012,60  сомонӣ.
  8. Мутахассиси Раёсати таъминот ва хоҷагӣ – 1  ҷой, маоши мансабӣ - 1112,20 сомонӣ.
  9. Мутахассиси Раёсати шабакаҳои давлатӣ – 1  ҷой,  маоши мансабӣ - 1012,60 сомонӣ.
  10. Мутахассиси Раёсати назорат ва коргузорӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1012,60 сомонӣ.
  11. Мутахассиси пешбари шуъбаи тахлили-иттилоотии обуҳавошиносӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1228,40 сомонӣ.
  12. Мутахассиси пешбари шуъбаи мониторинги ифлосшавии атмосферӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1228,40 сомонӣ.
  13. Мутахассиси шўъбаи тахлили иттилоотии обуҳавошиносӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1062,40 сомонӣ.

 

     Талаботи тахассусӣ

 барои ишғоли мансаби сармутахассис;

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда муввофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ  монондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар;

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда муввофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис;

-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои

 зерин пешниҳод карда мешаванд:

-ариза ба унвони роҳбари мақомот;

-варақаи баҳисобгирии кадрҳо;

-шарҳи ҳол;

-нусхаи диплом;

-4 дона расми 3х4 ранга;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-нусхаи шиноснома;

-маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;

-маълумотнома аз ҷойи истиқомат;

-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ шакли 038 УЕ;

-нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
-нусхаи билети ҳарбӣ(барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

-маълумотнома (сиви-обьективка);

-маълумотнома оиди надоштани доғи Судӣ.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Кӯчаи Б.Ғафуров-373, Раёсати кадрҳо.

Телефонҳо барои тамос:44-600-02-15,918-65-84-74, 947-44-44-00.    

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз пас аз чопи эълон дар бораи гузаронидани озмун

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд

 ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-84-47 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.