Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Мудири бахши умумӣ, назорат ва муроҷиатҳои шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб – 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ нисбати Довталаб:

- Таҳсилоти олии гуманитарӣ ё ҳуқуқӣ;

-  3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-  дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-  донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо компютер.

Маоши мансабӣ – 2000,43 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

  1. Сармутахассисон - сармуҳосибони Ҷамоати деҳоти Аличур ва Ҷамоати деҳоти Рангкули ноҳияи Мурғоб– 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ нисбати довталаб:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси муҳосибӣ, иқтисодчӣ;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани

ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо компютер.

Маоши мансабӣ – 1855,00 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

  1. Сармутахассис-муҳандиси заминсозӣ Ҷамоати шаҳраки Мурғоб, Ҷамоати деҳоти Ғ.Бердибаев ва Ҷамоати деҳоти Аличури ноҳияи Мурғоб– 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ нисбати Довталаб:

- Таҳсилоти олии касбӣ, муҳандиси-заминсоз, танзими замин, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замин, муҳандис мелиоратор агроном, агрохимия ва хокшиносӣ, геодезия, топограф ва харитасоз;

-  2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-  малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-  донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо компютер.

Маоши мансабӣ – 1855,00 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

  1. Сармутахассиси бахши рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб– 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ нисбати довталаб:

- таҳсилоти олии иқтисодчӣ, молиявӣ, кишоварзӣ;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо компютер.

Маоши мансабӣ – 1942,25 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

  1. Мутахассиси бахши ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси

ноҳияи Мурғоб– 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ нисбати довталаб:

-    таҳсилоти олии касбӣ, ҳуқуқшиносӣ, гуманитарӣ ё ихтисоси мувофиқ;

-   малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-   донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо компютер.

Маоши мансабӣ – 1593,60 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

  1. Мутахассиси пешбари бахши кор занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб– 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ нисбати довталаб:

 - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси фаннҳои гуманитарӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо компютер.

Маоши мансабӣ – 1593,60 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

  1. Мутахассиси пешбар –нозири мизи ҳарбии Ҷамоатҳои деҳоти Аличур, Рангкул ва Ғ.Бердибаеви ноҳияи Мурғоб– 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ нисбати довталаб:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси дифои ҳарбӣ, таърих ва ҳуқуқ, таърих, ҳуқуқшиносӣ,

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо компютер.

Маоши мансабӣ – 1593,60 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

  1. Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб– 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ нисбати довталаб:

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси фаннҳои гуманитарӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани

ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо компютер.

Маоши мансабӣ – 1307,25 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

  1. Мутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Мурғоб– 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ нисбати довталаб:

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисос ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани

ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо комшотер.

Маоши мансабӣ – 1307,25 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

  1. Мутахассиси Ҷамоати шаҳраки Мурғоб– 1 ҷой,

Барои иштирок дар озмун  
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба номи раиси ноҳия;

- варақаи шахсии баҳисибгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4 х 6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо

намудаанд);

- маълумотнома оид ба доғи судӣ.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳраки Мурғоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, бинои дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Индекс 736600

Телефонҳо барои тамос: +992 550-15-49-59, 992 00-622-88-04.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд

 ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-84-47 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.