Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Прокуратураи вилояти Хатлон

  1. Мутахассиси шуъбаи кадрҳо ва коргузории прокуратураи вилояти Хатлон – 1 ҷой,

    Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқадасоти миллӣ, забони давлатӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ:

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои ўҳдадориҳои мансабии мансаби мазкурро ба танзим медарорад;

- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ.

- кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ;

Маоши мансабӣ 1045,80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ;

 

Барои иштирок дар озмун  
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1

  пешбинигардида;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи

  меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- нусхаи билети ҳарбӣ (ба истиснои занон).

- маълумотномаи МИ РВКД дар в.Хатлон оиди доғи судӣ

 

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Бохтар, кӯчаи Н.Ҳувайдуллоев 8, прокуратураи вилоят.

Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ.

Телефон барои  тамос: 83222-2-55-00.

Шуъбаи кадрҳо ва коргузории прокуратураи вилояти Хатлон

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд

 ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-84-47 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.