Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲР:

 

  1. Сармутахассиси шуъбаи иқтисод, саноат ва манзили мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант - 1 ҷой,

 Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии ихтисосҳои иқтисодчӣ, соҳаи саноат ва идоракунии манзил.

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ӯҳдадориҳои мансабиро ба танзим медароранд.

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва кор карда тавониста бо компютер ба инобат гирифта мешавад.

- мавҷудияти дониш ва банақшагирии раванди кор, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ - 1361,20 иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои  дастгоҳи раиси шаҳр -1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- маълумоти олӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ (донистани забони хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад), кор бо компютер, донистан ва риоя намудани Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист;

- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мазкурро ба танзим медароранд.

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ - 1112,20 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои омӯзгор, ҳуқуқшинос, психолог, сотсиолог ва идоракунии давлатӣ бартари дода мешавад):

 - донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрӣ

- ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадории мансаби мутахассиси пешбарро ба танзим медароранд:

 - малакаи кор бо компютер.

Маоши мансабӣ - 1112,20 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси пешбари бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр - 1 ҷой,

 Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбӣ актёри драма ва кино, фарҳангшинос, забон ва адабиёти тоҷик ва рӯзноманигор.

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ӯҳдадориҳои мансабиро ба танзим медароранд.

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва кор карда тавонистан бо компютер ба инобат гирифта мешавад.

- мавҷудияти дониш ва малакаи банақшагирии раванди кор, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ - 1112.20 иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр - 1 ҷой,

  Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои омӯзгор, ҳуқуқшинос, психолог, сотсиолог ва идоракунии давлатӣ бартари  дода мешавад):

 - донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрӣ

- ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадории мансаби мутахассиси пешбарро ба танзим медароранд:

 - малакаи кор бо компютер.

Маоши мансабӣ – 913 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

ВОҲИДҲОИ СОХТОРИИ

МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАКУ ДЕҲОТ:

 

  1. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:   

- таҳсилоти олии касбии (ҳуқуқшинос, диншиносӣ ва гуманитарӣ).

- 2 сол хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси заминӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, ки ӯҳдадориҳои мансабиро ба танзим медароранд.

- мавҷудияти дониш ва малакаи банақшагирии раванди кор, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

- донистани таърих, дин, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва бо компютер кор карда тавонистан ба инобат гирифта мешавад.

Маоши мансабӣ - 1236,70 иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Сармутахассис-заминсози Ҷамоати деҳоти «Гулистон» - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:   

- таҳсилоти олии касбии (кишоварзӣ ва заминсоз).

- 2 сол хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси заминӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, ки ӯҳдадориҳои мансабиро ба танзим медароранд.

- мавҷудияти дониш ва малакаи банақшагирии раванди кор, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва бо компютер кор карда тавонистан ба инобат гирифта мешавад.

Маоши мансабӣ - 1236,70 иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси пешбар Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Гулистон - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:   

- таҳсилоти олии касбӣ (фанҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқшиносӣ),

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ӯҳдадориҳои мансабиро ба танзим медароранд.

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва кор карда тавонистан бо компютер ба инобат гирифта мешавад.

- мавҷудияти дониш ва малакаи банақшагирии раванди кор, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ - 1012,60 иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси пешбар Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Ваҳдат - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:   

- таҳсилоти олии касбӣ (фанҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқшиносӣ),

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ӯҳдадориҳои мансабиро ба танзим медароранд.

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва кор карда тавонистан бо компютер ба инобат гирифта мешавад.

- мавҷудияти дониш ва малакаи банақшагирии раванди кор, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ - 1012,60 иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Ваҳдат оид ба соҳаи маънавиёт - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:   

- таҳсилоти олии касбӣ (фанҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқшиносӣ),

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ӯҳдадориҳои мансабиро ба танзим медароранд.

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва кор карда тавонистан бо компютер ба инобат гирифта мешавад.

- мавҷудияти дониш ва малакаи банақшагирии раванди кор, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ - 1012.60 иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Ваҳдат оид ба соҳаи омор - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:   

- таҳсилоти олии касбӣ ё миёнаи касбӣ  (соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт).

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ӯҳдадориҳои мансабиро ба танзим медароранд.

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва кор карда тавонистан бо компютер ба инобат гирифта мешавад.

- мавҷудияти дониш ва малакаи банақшагирии раванди кор, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ - 830 иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин

 пешниҳод карда мешавад:

- ариза ба унвони раиси шаҳр;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона акси андозаи 3х4 ва 4х6 (маълумотҳои шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дақиқ ва фаҳмо нишон дода шавад);

- тарҷумаи ҳол (хаттӣ);

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли № 038);

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумотнома оиди доғи судӣ;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);

- нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Левакант, кӯчаи Н.Хусрав-23, бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Левакант.

Телефон барои тамос:  8(3250) 6-15-73.

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар воситаҳои ахбори омма дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд

 ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-84-47 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.