Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Мудири бахши саноат, энергетика ва нақлиёту коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1497 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1361 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1361 сомонӣ.
  4. Сармутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1361 сомонӣ.
  5. Сармутахассиси Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбари Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112 сомонӣ.
  7. Мутахассиси пешбари шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112 сомонӣ.
  8. Мутахассиси бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 913  сомонӣ.
  9. Сармутахассис - сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Кӯлоб – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ.
  10. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Кӯлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ.
  11. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Зарбдор - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ.
  12. Сармутахассис- сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Зарбдор - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ.
  13. Сармутахассис- сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Зиракӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ.
  14. Сармутахассис оид ба соҳаи омори Ҷамоати деҳоти  Зиракӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ.
  15. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Зиракӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ.
  1. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Даҳана- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ.
  2. Сармутахассис оид ба корҳои дини Ҷамоати деҳоти Зарбдор - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Кӯлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1012 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Зиракӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1012 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи маънавиёти Ҷамоати деҳоти Зарбдор - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1012 сомонӣ.
  6. Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Зарбдор - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 913 сомонӣ.
  7. Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Зиракӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 913 сомонӣ.
  8. Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Кӯлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 913 сомонӣ.
  9. Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Даҳана - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 913 сомонӣ.     

                           

                                            Барои иштирок дар озмун

                                                  ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда:

- ариза ба унвони Раиси шаҳр;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ

  надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 0,38УЕ;

- нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мудири бахш:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер.

 

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-малакаи кор бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-малакаи кор бо компютер.

 

   Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.

Телефон: (8-33-22) 2-29-06, 2-28-26, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб.

Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун 21 рӯз аз рӯзи нашрияҳои расмӣ.

Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд

 ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-84-47 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.