Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

ДАСТГОҲИ МАРКАЗИИ САРРАЁСАТ

 

  1. Мутахассиси пешбари раёсати растанипарварӣ ва чорводории Сарраёсат- 2 ҷой,

       Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олӣ, бо ихтиссоси агроном,

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ - 1170 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси раёсати иқтисодиёт ва кор бо кадрҳои Сарраёсат - 1 ҷой,

          Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олӣ ё миёнаи махсус, ихтиссос   агрономӣ, зоотехники ва иқтисодчӣ

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ -  962,80   сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

- аризаи шахсӣ ба номи сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо  бо 2 дона акси андозаи 4х6 (маълумотҳои шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дақиқ ва фаҳмо нишон дода шавад);

-тарҷумаиҳол (хаттӣ ва чопӣ);

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи

 меҳнатӣ надорад);

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли № 038);

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

-маълумотнома аз ҷоиистиқомат;

-маълумотнома оиди надоштани доғисудӣ;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи шаҳодатномаи ақдиникоҳ;

-нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);

-нусхаи билетиҳарбӣ (бароишахсоне, ки хизмати ҳарбиро

адонамудаанд).

-маълумотнома (объективка) дар шакли хаттӣ ва электронӣ.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри  Бохтар, Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун, аз ҷониби сармутахассиси кадр, ҳуқуқ ва назорат қабул карда мешаванд.

Телефонҳо барои тамос: 2–89-80, 919-57-89-82.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо  21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

 *Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд

  ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-84-47 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.