Рейтинг:  5 / 5

Звезда активнаЗвезда активнаЗвезда активнаЗвезда активнаЗвезда активна
 
  1. Ёрдамчии судяи Суди конс­ти­­тутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон2 ҷой,

  Талаботи тахассу­сӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷ­­рои уҳдадориҳои мансабии  Ёрдамчии судяро ба танзим медароранд;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мон­да­­­ни ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- донистани забони давлатӣ;

- донистани таърих, фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ;

- кор бо компютер;

- донистани забонҳои русӣ ва англисӣ пазируфта мешавад.                     

Маоши мансабӣ 1825,25 сомонӣ, бо назардошти ило­вапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ.

 

  1. Сармутахассис-сармуҳосиби шуъбаи банақшагирӣ ва муҳо­си­ба­­­вии дастгоҳи Суди конс­­­титут­сио­­нии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон – 1 ҷой,

 Талаботи тахассу­сӣ барои  довталабон:

- таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷ­­рои уҳдадориҳои мансабии сармутахассис-сар­му­ҳо­сибро ба танзим медароранд;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мон­да­­­ни ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- донистани забони давлатӣ;

- донистани таърих, фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ;

- кор бо компютер;

- донистани забонҳои русӣ ва англисӣ пазируфта мешавад.                     

Маоши мансабӣ 1743,00 сомонӣ, бо назардошти ило­вапулӣ барои соби­қаи хизмати давлатӣ.

 

  1. Мутахассис-коргузори шуъбаи умумӣ ва хизмати давлатии дастгоҳи Суди конс­ти­тут­­­сио­­нии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон- 1 ҷой,

Талаботи тахассу­сӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;

- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷ­­рои уҳдадориҳои мансабии мутахассис-коргузорро ба танзим медароранд;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мон­да­­­ни ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- донистани забони давлатӣ;

- донистани таърих, фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ;

- кор бо компютер;

Маоши мансабӣ - 1228,00 сомонӣ, бо назардошти ило­вапулӣ барои соби­қаи хизмати давлатӣ.

 

Номгуи ҳуҷҷатҳо, ки аз ҷониби довталабон

барои иштирок дар озмун пешниҳод мегарданд:

- ариза ба унвони Раиси Суди конститутсионӣ;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом, замимаи диплом);

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- нусхаи шиноснома;

- маълумот оид ба вазъи саломатии шакли 038УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- эъломия оид ба андоз аз даромад ва эъломия оид ба вазъи амволӣ;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намуданд);

- маълумотнома оид ба доѓи судӣ.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Ду­шан­бе, кӯчаи Бохтар 48.

Ҳуҷҷатҳои довталабон дар муҳлати 21 рӯз баъд аз нашри авали эълон, ки дар нашрия дарҷ гардидааст, қабул карда мешаванд.

Телефон барои маълумот: 227-38-09. Веб-сайти Суди конститутсионӣ «www.constcourt.tj»

 *Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд

  ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-84-47 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.