Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сармутахассиси Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ВМКБ – 1 ҷой,

   Талаботи асоси нисбати довталаб:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, фалсафӣ, таърихшиносӣ, сиёсатшиносӣ, идоракунии давлатӣ, филологияи тоҷик, таърих ва ҷамъиятшиносӣ, таърих ва ҳуқуқ;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо компютер;

Маоши мансабӣ 1475,20 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ;

 

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хоруғ– 1 ҷой,

Талаботи асоси нисбати довталаб:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси муҳосибӣ, иқтисодӣ ё муҳосибӣ ва хазинадорӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо компютер;

Маоши мансабӣ 1159, 80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ;

 

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Рушон– 1 ҷой,

    Талаботи асоси нисбати довталаб:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси муҳосибӣ, иқтисодӣ ё муҳосибӣ ва хазинадорӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо компютер;

Маоши мансабӣ 1110 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ; 

 

Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои

зеринро пешниҳод менамоянд:

- ариза ба номи раиси шаҳр;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломати дар шакли 038 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

- маълумотнома оид ба доғи судӣ

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Хоруғ, кӯчаи Н.Атобек 16, бинои Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ВМКБ, ошёнаи 2.

Индекс 736000

Тел \ факс: (83522) 2 – 43– 93, 2 – 60 – 64.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз баъд аз нашри эълон.

 *Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд

          ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.