Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кор бо кадрҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1228 сомонӣ.
  2. Мутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кор бо кадрҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1012 сомонӣ.
  3. Мутахассиси шуъбаи истеҳсолӣ-техникӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1012 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари шуъбаи коргузорӣ, назорат ва таҳлил – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1228 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбари раёсати назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1170 сомонӣ.
  6. Сармутахассиси раёсати назорати давлатии энергетикии шаҳри Бохтар - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1427 сомонӣ.
  7. Мутахассиси пешбари раёсати назорати давлатии энергетикии минтақаи Кӯлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1170 сомонӣ.
  8. Сармутахассиси раёсати назорати давлатии энергетикии шаҳри Хуҷанд - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1361 сомонӣ.
  9. Мутахассиси шуъбаи назорати давлатии энергетикии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1010 сомонӣ. 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин

пешниҳод карда мешаванд:

     - ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;

     - варақаи (анкетаи ) баҳисобгирии кадрҳо;

     - шарҳи ҳол;

     - нусхаи диплом;

     - 2 дона расми  3х4;

     - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

     - нусхаи шиноснома;

     - маълумотнома  аз  мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи

       шахсӣ;

     - нусхаи  гувоҳномаи РМА (рақами мушахассиси андозсупоранда);

     - маълумотнома  аз  ҷои  истиқомат;

     - маълумонома оид ба вазъи саломатии шакли  038 УЕ;

     - нусхаи  суғуртаи  иҷтимои (СИН);

     - нусхаи  билети  ҳарбӣ  (барои шахсоне, ки  хизмати  ҳарбиро адо

       намудаанд);

     - маълумотнома  (справка - объективка)

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

     - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ (муҳандис - барқчӣ), ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

     -  2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

     - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

     - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ (муҳандис - барқчӣ), (муҳандис - сохтмончӣ - ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

     - 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

     - таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки  иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии  хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

    

Суроғаи  қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Душанбе, кӯчаи Қаҳҳоров – 35.

Телефон барои тамос: 222-29-00.                                                                                                                                                                                                                            Муҳлати  қабули  ҳуҷҷатҳо 21 рӯз  аз  рӯзи  нашри  якуми  эълон  дар бораи  гузаронидани  озмун.

Ҳуҷҷатҳои  аз  озмун  нагузашта  баргардонида мешаванд.

Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ   ҳар моҳ  ба  андозаи  муқарраргардида  пардохт карда  мешавад.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

 ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.