Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сармутахассиси шуъбаи савдо ва мониторинги бозори истеъмолӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1427 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси шуъбаи ҳамкории иқтисодии хориҷӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ -1427 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари шуъбаи муносибатҳои молиявию қарзӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1170 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансабҳои сармутахассис:

-таҳсилоти олии иқтисодӣ, ихтисоси соҳаи ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатї;   

 -донистани забонҳои хориҷӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорї ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатї;

-  малакаи кор бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансабҳои мутахассиси пешбар:

-таҳсилоти олии иқтисодӣ, ихтисоси соҳаи ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;    

 -донистани забонҳои хориҷӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорї ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатї;

-  малакаи кор бо компютер.

 

Барои иштирок дар озмун  
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- аризаи шахси ба унвони Сардори Раёсат;  

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатї;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатї дар шакли 038 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбї (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо

  намудаанд)

-маълумот оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ

-гувоҳномаи иқомат

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Р.Набиев 45, бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ошёнаи 5, Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд.

Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо 21 рўз тақвимӣ мебошад.

Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамарӯза аз соати 8:00 то 17:00 (ба ғайр аз рӯзҳои шанбе ва якшанбе) амалӣ мегардад.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

 ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.