Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Дастгоҳи раиси ноҳия

  1. Сармутахассиси шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия-1 ҷой, маоши мансабӣ – 1294,8 сомонӣ. 

Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи

ҳокимияти давлатии ноҳия

 

  1. Сармутахассиси Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (соҳаи растани парварӣ) – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1294,8 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (соҳаи чорводорӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1294,8 сомонӣ.

 

Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳия

 

     4. Сармутахассис- муҳандиси заминсози Ҷамоати деҳоти Чубек– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236,7  сомонӣ.

     5. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Даштигулои ноҳия– 1 ҷой,  маоши   мансабӣ – 1236,7  сомонӣ.

     8. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Панҷрӯди ноҳия– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236,7 сомонӣ.

     7. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти ба номи С Турдиеви ноҳия- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236,7 сомонӣ.

     8. Сармутахассис оид ба масъалаҳои омори Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236,7 сомонӣ.

  1. Мутахассиси пешбар нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Москва- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1012,6 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбар нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1012,6 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбар нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти ба номи С.Турдиеви ноҳия-1 ҷой,  маоши   мансабӣ – 1012,6  сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбар, нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1012,6  сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1012,6  сомонӣ. 
  1. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Панҷрўди ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1012,6  сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳия-1 ҷой, маоши мансабӣ – 1012,6  сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти ба номи С.Турдиеви ноҳия-1 ҷой, маоши мансабӣ – 1012,6  сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Панҷруд-1 ҷой, маоши мансабӣ – 1012,6  сомонӣ.
  5. Мутахассис оид ба масъалаҳои бойгонии Ҷамоати шаҳраки Москва-1 ҷой, маоши мансабӣ – 830  сомонӣ.
  6. Мутахассис оид ба масъалаҳои омори Ҷамоати деҳоти Панҷоб-1 ҷой, маоши мансабӣ – 830 сомонӣ. 

Барои иштирок дар озмун 
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

        - ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;

        - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи   4х6);

        - тарҷумаи ҳол;

        - нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

        - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи     меҳнатӣ надорад);

         - маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли №038;

         - нусхаи  гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

         - маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

         - нусхаи шиноснома;

         - нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Талаботи тахассусӣ

       барои ишғоли мансаби сармутахассис:

        - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

        - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

        - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ   мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

        - малакаи кор бо компютер. 

Талаботи тахассусӣ

    барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар: 

       - таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби  мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

       -  малакаи кор бо компютер. 

            Талаботи тахассусӣ

           барои ишғоли мансаби мутахассис:

       - таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

       -  малакаи кор бо компютер.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

          Шаҳраки Москва, кӯчаи Исмоили Сомонӣ - 18, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ.

          Телефон барои тамос: (8-33-15) 2 - 22 - 56.

          Ҳуҷҷатҳо аз тарафи шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия дар муҳлати 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар дар нашрияҳои расмӣ қабул карда мешаванд.

  1. *Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

      ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.