Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия

  1. Мудири бахши умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи Раиси ноҳия- 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1423 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси бахши умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи Раиси ноҳия- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1295 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари бахши дин,танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо- 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1062  сомонӣ.
  4. Мутахассиси шуъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия- 1 ҷой, маоши мансабӣ - 872 сомонӣ.
  5. Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 872 сомонӣ.

 

Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳия

  1. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Айнӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1295 сомонӣ.
  2. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Урметан- 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1295 сомонӣ.
  3. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Анзоб- 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1295 сомонӣ.
  4. Сармутахассис оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Анзоб- 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1295 сомонӣ.
  5. Сармутахассис оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Айнӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1295 сомонӣ.
  6. Сармутахассис оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати шаҳраки Зарафшон- 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1295 сомонӣ.
  7. Сармутахассис сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Айнӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1295 сомонӣ.
  8. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Дар – Дар- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1295 сомонӣ.
  9. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати шаҳраки Зарафшон- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1295 сомонӣ.
  10. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Фондарё- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1295 сомонӣ.
  11. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Анзоб- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1295 сомонӣ.
  1. Мутахассиси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Дар – Дар- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1062 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Шамтуч- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1062 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбар оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Урметан- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1062 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи кишоварзии Ҷамоати деҳоти Айнӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1062 сомонӣ
  5. Мутахассиси мизи ҳарбӣ ва бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Шамтуч- 1 ҷой, маоши мансабӣ - 872 сомонӣ.
  6. Мутахассиси мизи ҳарбӣ ва бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Дар-Дар- 1 ҷой, маоши мансабӣ - 872 сомонӣ.
  7. Мутахассиси мизи ҳарбӣ ва бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Рарз- 1 ҷой, маоши мансабӣ -872 сомонӣ.
  8. Мутахасиси андози Ҷамоати деҳоти Айнӣ- 1 ҷой, Маоши мансабӣ- 872 сомонӣ
  9. Мутахассиси мизи ҳарбӣ ва бақайдгирии Ҷамоати шаҳраки Зарафшон- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 872 сомонӣ.
  10. Мутахассиси мизи ҳарбӣ ва бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Фондарё- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 872 сомонӣ.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои

зерин пешниҳод карда мешавад:

- ариза ба унвони роҳбари мақомот;

- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;

- шарҳи ҳол;

- нусхаи диплом;

- 2 дона расми 4х6;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи САҲШ (сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ)

- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;

- нусхаи  РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

- маълумотнома оид ба доғи судӣ

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумотнома дар бораи ҳайати оила;

- хислатнома;

-маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ муқарраргардида;

- маълумотнома (справка-объективка). 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мудири бахш:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

       

  Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

- таҳсилоти олӣ, иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- малакаи кор бо компютер.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

Ноҳияи Айнӣ, кӯчаи  Рӯдакӣ-58, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ.

Телефон барои тамос: (+992) 3479-2-22-05.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

 Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 2248447 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.