Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Мутахассиси пешбари дастгоҳи Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон – 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии ҳуқуқшинос, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансабии мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани  қоидаҳои  имлои забони тоҷикӣ  ҳатмист.

-донистани забонҳои  хориҷӣ  ба инобат гирифта мешавад.

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ   мондани ҳамкорӣ  ҳангоми татбиқи  манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 1170,30 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси дастгоҳи Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон – 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии соҳавии гидротехникӣ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансабии мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани  қоидаҳои  имлои забони тоҷикӣ  ҳатмист.

-донистани забонҳои  хориҷӣ  ба инобат гирифта мешавад.

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ  ҳангоми татбиқи  манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 962,80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

-аризаи шахсӣ ба номи сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон ;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо, 2 дона акси андозаи 4х6 (маълумотҳои шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дақиқ   нишон дода шавад);

-тарҷумаи  ҳол (хаттӣ  ва чопӣ) ;

-нусхаи  ҳуҷҷатҳо  дар бораи  таҳсилот ;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи

  меҳнатӣ  надорад) ;

-маълумотнома  дар бораи  вазъи  саломатӣ  (шакли № 038) ;

-нусхаи  гувоҳномаи  рақами  мушаххаси  андоз супоранда (ИНН) ;

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

-маълумотнома аз ҷои   истиқомат;

-маълумотнома оиди доғи судӣ;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ;

-нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);

-нусхаи билети ҳарбӣ (шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд)

-маълумотнома  (объективка)  дар шакли хаттӣ  ва электронӣ.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

            Шаҳри Бохтар, кучаи Айнӣ-3, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоятиХатлон.

            Телефон барои  тамос: 8-3222- 2-83-19, 2-41-46.

           Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз, аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

            Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.