Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сардори шуъбаи умумӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2115,80 сомонӣ.
  2. Сардори шуъбат ҳисобот ва молия - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2115,80 сомонӣ.
  3. Сардори шуъбаи захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ- 2155,80 сомонӣ.
  4. Мудири бахши хоҷагию маъмурӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1735,85 сомонӣ.
  5. Сармутахассиси шуъбаи геология - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1517,00 сомонӣ.
  6. Сармутахассиси шуъбаи илм ва таҳияи ҳуҷҷаиҳои меъёрӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1577,00 сомонӣ.
  7. Сармутахассиси шуъбаи умумӣ - 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1577,00 сомонӣ.
  8. Сармутахассиси шуъбаи захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивӣ -1 ҷой, маоши мансабӣ- 1577,00 сомонӣ.
  9. Мутахассиси пешбари шуъбаи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ -1 ҷой, маоши мансабӣ- 1286,50 сомонӣ.
  10. Мутахассиси пешбари шуъбаи истеҳсолию техникӣ - 2 ҷой, маоши мансабӣ- 1286,50 сомонӣ.
  11. Мутахассиси пешбари шуъбаи геология - 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1286,50 сомонӣ.
  12. Мутахассиси пешбари шуъбаи захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1286,50 сомонӣ.
  13. Мутахассиси пешбари шуъбаи иқтисодӣ -1 ҷой, маоши мансабӣ- 1286,50 сомонӣ.
  14. Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳисобот ва молия- 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1286,50 сомонӣ.
  15. Мутахассиси пешбари шуъбаи илм ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ - 2 ҷой, маоши мансабӣ -1286,50 сомонӣ.
  16. Мутахассиси шуъбаи истеҳслию техникӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ -1062,40 сомонӣ.
  17. Мутахассиси шуъбаи умумӣ -1 ҷой, маоши мансабӣ- 1062,40 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

 барои ишғоли мансаби сардори шуъба:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, дониш ва малакаи роҳбарӣ, малакаи хуби муошират, кор бо барномаҳои компютерӣ.

Талаботи тахассусӣ

 барои ишғоли мансаби мудири бахш:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, дониш ва малакаи роҳбарӣ, малакаи хуби муошират, кор бо барномаҳои компютерӣ.

Талаботи тахассусӣ

 барои ишғоли мансаби сармутахассисси шуъба:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, дониш ва малакаи хуби муошират, кор бо барномаҳои компютерӣ.

Талаботи тахассусӣ

 барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, дониш ва малакаи хуби муошират, афзалият барои донистани барномаҳои муосири компютерӣ ва таҷҳизотҳои компютерӣ.

Талаботи тахассусӣ

 барои ишғоли мансаби мутахассиси шуъба:

- таҳсилоти олии касбӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, кор бо барномаҳои компютерӣ.

 

                         Талаботҳои ҳатмӣ нисбати ҳамаи довталабон:

 

Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабиро талаб менамояд. 

 

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

- ариза ба номи роҳбари мақомот;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

- тарҷумаи ҳол;

- маълумотнома (СV);

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- тавсифнома аз ҷойи кор (муассисаи таълимӣ);

- 2 то расми (3х4);

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома ва билети ҳарбӣ);

- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амвол (нисбати шахсоне, ки қаблан хизматчии давлатӣ буданд);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ №0380УЕ;

- маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);

- муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо на дертар аз 21 рӯз пас аз чопи эълон дар бораи гузаронидани озмун муайян карда мешавад.

 

Суроға: кӯчаи М.Турсунзода 27.

Телефонҳо барои тамос: 227 18 30, 227 27 29.

Баъди нашри расмии эълон довталабон бояд дар давоми 21 рўз ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод намоянд.

  1. *Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

    ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-84-47 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.