Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сармутахассиси шуъбаи савдо ва мониторинги бозори истеъмолӣ - 1 ҷой маоши мансабӣ- 1427 сомонӣ.

 

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби сармутахассис:

-таҳсилоти олии иқтисодӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; 

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;  

 -донистани забонҳои хориҷӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиќи манфиатҳои давлатӣ;

         -  малакаи кор бо компютер.

 

Барои иштирок дар озмун  
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- аризаи шахси ба унвони Сардори Раёсат;  

- вараќаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи раќами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо

  намудаанд)

-маълумот оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ

 

 

Суроғаи ќабули ҳуҷҷатҳо

Ҳуҷҷатҳо ба нишонаи зерин бояд пешниҳод карда шаванд: шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Р.Набиев 45, бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ошёнаи 5, Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд.

Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо 21 рўз таќвимӣ мебошад.

Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамарӯза аз соати 8:00 то 17:00 (ба ғайр аз рӯзҳои шанбе ва якшанбе) амалӣ мегардад.