Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Дастгоҳи раиси ноҳия

 

  1. Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ- 2592 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари бахши молия ва хоҷагии дастгоҳи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 768  сомонӣ.

 Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи

ҳокимияти давлатии ноҳия

 

  1. Сармутахассиси Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (соҳаи чорводорӣ)  – 1 ҷой,  маоши   мансабӣ – 1076  сомонӣ.

 

  1. Сармутахассиси Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (соҳаи растанипарварӣ)  – 1 ҷой,  маоши   мансабӣ – 1076  сомонӣ.

 

Мақомоти худидоракунии

шаҳрак ва деҳоти ноҳия

5.Сармутахассис- муҳандиси заминсози Ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1028 сомонӣ.

  1. Сармутахассис (сармуҳосиб)- и Ҷамоати деҳоти Даштигулои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1028 сомонӣ.
  2. Сармутахассис (сармуҳосиб)- и Ҷамоати деҳоти Панҷрӯди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1028 сомонӣ.
  3. Сармутахассис оид ба масъалаҳои омори Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1028 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 841 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1 ҷой,  маоши мансабӣ – 841 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоии Ҷамоати деҳоти Панҷрӯди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  – 1 ҷой,  маоши мансабӣ – 841  сомонӣ.

12.Мутахассиси пешбар, нозири мизи ҳарбии  Ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ– 1 ҷой,  маоши мансабӣ – 841 сомонӣ.

  1. Мутахассиси пешбар - нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти ба номи С. Турдиеви ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1 ҷой, маоши  мансабӣ – 841 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоии Ҷамоати деҳоти ба номи Турдиеви ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  – 1 ҷой,  маоши мансабӣ – 841  сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Панҷрӯди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1 ҷой,  маоши мансабӣ – 841  сомонӣ.

 

Барои иштирок дар озмун 
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

           - ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;

          - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи   4х6);

           - тарҷумаи ҳол;

           - нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

           - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи     меҳнатӣ надорад);

          - маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  №038;

          - нусхаи  гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

            - маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

         - нусхаи шиноснома;

          -нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Талаботи тахассусӣ

       барои ишғоли мансаби сармутахассис:

           - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури  маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

          - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

          - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ   мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

           - малакаи кор бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

    барои ишғоли мансаби  мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби  мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

- малакаи кор бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

           барои ишғоли мансаби  мутахассис:

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда  метавонад.

–  малакаи кор бо компютер.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

Шаҳраки Москва, кўчаи Исмоили Сомонӣ - 18, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ.

          Телефон: (8-33-15)  2 - 22 – 56.

Ҳуҷҷатҳо аз тарафи шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия дар муҳлати 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар дар нашрияҳои расмӣ  қабул карда мешаванд.

 

  1. *Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

    ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.