Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. 1. Сармутахассис (ҳуқуқшинос)-и шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ, эътироф ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилот дар давлатҳои хориҷӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1660 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ, эътироф ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилот дар давлатҳои хориҷӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1352,90 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1352,90 сомонӣ.
  4. Сармутахассиси Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1472,40 сомонӣ.
  5. Мутахассиси Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1007,60 сомонӣ.
  6. Муовини сардори раёсати Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2339,3 сомонӣ.
  7. Мутахассиси пешбари Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1170,3 сомонӣ.
  8. Мутахассиси Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 962,8 сомонӣ.
  9. Сармутахассиси Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Хатлон – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1427,6 сомонӣ.
  10. Мутахассиси пешбари Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Хатлон – 3 ҷой, маоши мансабӣ – 1170,3 сомонӣ.
  11. Мутахассиси Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Хатлон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 962,80 сомонӣ.
  12. Сармутахассиси Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар шаҳри Душанбе – 3 ҷой, маоши мансабӣ – 1427,6 сомонӣ.
  13. Мутахассиси пешбари Шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Рашт – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
  14. Сардори шуъбаи шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Зарафшон - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1755,05 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғолкунандагони мансаби муовини сардори раёсат:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сардори шуъба:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

–  4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар:

– таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

 

 

Талаботи тахассуси

барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис:

– таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

 

 

 Барои иштирок дар озмун

ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

– ариза ба унвони роҳбари мақомот;

– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

– тарҷумаи ҳол;

– нусхаи шиноснома;

– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

– маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ, шакли 038УЕ;

– нусхаи гувоҳнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

– маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкӣ;

– маълумотнома оид ба доғи судӣ;

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

– нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа (СИН);

– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

– 2 дона акси андозаи 4х6 ва 2 дона акси андозаи 3х4;

– маълумотнома (справка-объективка) бо акси ранга.

 

Нишонии қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кўчаи Садриддин Айнӣ 126, шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ, эътироф ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилот дар давлатҳои хориҷӣ Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе, ошёнаи 3.

Телефон барои тамос: 225-83-28, 225-83-32.

Муҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо баъд аз 21 рўзи нашри озмун дар бораи гузаронидани озмун.

  1. *Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

    ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.