Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлати ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 1294,00 сомонӣ.

 

  1. Мутахассиси шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувовиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мутахассисро таъмин карда метавонад;

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассисро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 871,50 сомонӣ.

 

  1. Сармутахассиси - сармуҳосиби Ҷамоати дехоти Ёва - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисоси соҳаи иқтисодӣ бартарӣ дода мешавад);

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассисро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 1294,80 сомонӣ.

 

  1. Сармутахассиси дин танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати дехоти Ёва - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисоси соҳаи иқтисодӣ  бартарӣ  дода  мешавад);

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассисро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 1294,80 сомонӣ.

 

  1. Мутахассиси андоз, хоҷаги ва бойгонии ҷамоати деҳоти Ёва - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 871,50 сомонӣ.

 

    Аз довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои

 зерин талаб карда мешавад:

-аризаи шахсӣ ба номи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ;

-маълумотнома оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҷамоати шаҳраки Ғафуров, кўчаи А.Нозиров 14, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ошёнаи 2, утоқи № 3 шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, телефон 3-16-01, факс 3-22-44, суроғаи электронӣ Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов.   У вас должен быть включен JavaScript для просмотра."Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баъди чопи аввалини эълон дар муҳлати 21 рўз дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.

 

  1. *Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

    ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.