Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сармутахассиси шуъбаи коркарди суратҳисобҳо ММБИ Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1427,60 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси Бахши ҳуқуқ, корҳои кадри ва коргузории Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Кӯлоб – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1577 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1228,40 сомонӣ.
  4. Мутахассиси шуъбаи баҳисобгирии инфиродии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 871,50 сомонӣ.
  5. Сармутахассиси Шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар н. Ш.Шоҳин – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1427,60 сомонӣ.

Барои иштирок дар озмун

ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад:

-ариза ба унвонии роҳбари мақомоти давлатӣ;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ шакли №038;

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

- маълумотномаи судӣ ИТС

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансабҳои сармутахассис:

-таҳсилоти олии касбӣ, (иқтисодчӣ) ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад.

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-2 сол собиқаи умуми хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умуми меҳнатӣ:

-малакаи кор бо компютер:

 

Талаботи тахассусӣ

 барои ишғоли мансабҳои мутахассиси пешбар:

-таҳсилоти олии касбӣ, (иқтисодчӣ) ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад.

-малакаи кор бо компютер:

 

Талаботи тахассусӣ

  барои ишғоли мансабҳои мутахассис:

-таҳсилоти олии касбӣ, (иқтисодчӣ) ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад.

-малакаи кор бо компютер:

 

                                       Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо :

Нишони : ш. Кўлоб, кўчаи Абдураҳмонов А. № 12

Телефонхо, барои маълумотҳои иловагӣ  2- 47-13.

Ҳуҷҷатҳо аз  15.05. 2023  то 04.06.2023  қабул  гардида,  озмун дар  бинои

Раёсати Агентии  суғуртаи  иҷтимоӣ  ва нафақаи назди Хукумати Ҷумхурии Точикистон   дар минтакаи   Кўлоб   гузаронида мешавад.

 

  1. *Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

    ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.