Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сармутахассиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд– 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-  2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, ду забони хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сардори шуъбаро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-кор карда тавонистан бо компютер;

Маоши мансабӣ 1350,90 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси пешбари Кумитаи идораи замини вилояти Суғд – 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, заминсозӣ, кишоварзӣ, омўзгорӣ ва идоракунии давлатӣ бартарӣ дода мешавад);

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, ду забони хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-кор карда тавонистан бо компютер ва барномаҳо;

Маоши мансабӣ 1112,20 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси топографӣ, геодезӣ ва харитасозӣ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассиси бахшро ба танзим медароранд;

-кор карда тавонистан бо компютер ва барномаҳо;

Маоши мансабӣ 1045 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси пешбари Кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳои Ашт, Исфара, К.Мастчоҳ, Бўстон, Ҷ.Расулов, Панҷакент - 6 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ бо ихтисосҳои муҳандис-заминсоз, танзими замин, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замин, (ба ихтисоси муҳандис-заминсоз бартарӣ дода мешавад);

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, ду забони хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбари раёсатро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-кор карда тавонистан бо компютер ва барномаҳо;

Маоши мансабӣ 1228,40 сомонӣ,иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

-ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;

-маълумотнома аз ВКД (оид ба доғи судӣ)

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

Шаҳри Хуҷанд, кўчаи Фирдавсӣ – 116. Шуъбаи умумии Кумитаи идораи замини вилояти Суғд.

Телефон барои тамос: (8-34-22) 6-21-97.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

ЭзоҳИловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

  1. *Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

    ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.