Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Муовини сардори раёсат – сардори шуъбаи шартномаҳои байналмилалӣ ва таҳлили вазъи риояи ҳуқуқи инсони раёсати робитаҳои байналмилалии ҳуқуқӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2711,80 сомонӣ.
  2. Сардори шуъбаи қонунгузории маориф, илм, фарҳанг ва иттилооти сарраёсати қонунгузорӣ– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2220,10 сомонӣ.
  3. Сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии лоиҳаҳои сармоягузории раёсати робитаҳои байналмилалии ҳуқуқӣ– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2220,10 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари раёсати молия ва хоҷагӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1352.90 сомонӣ.
  5. Мутахассиси бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 891,90 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбари бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Истаравшани вилояти Суғд – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
  7. Мутахассиси пешбари бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Истиқлоли вилояти Суғд – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
  8. Мутахассиси бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 871,50 сомонӣ.
  9. Мутахассиси бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Данғараи вилояти Хатлони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 871,50 сомонӣ.
  10. Мутахассиси бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 871,50  сомонӣ.
  11. Мутахассиси пешбари бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1062,40 сомонӣ.
  12. Мутахассиси пешбари бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1082,80 сомонӣ.
  13. Мутахассиси пешбари бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Роғуни Вазорати адлияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1132,60  сомонӣ.
  14. Мутахассиси пешбари бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшони Вазорати адлияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1089,60  сомонӣ.
  15. Мутахассиси пешбари бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшони Вазорати  адлияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ –1116,80  сомонӣ.
  16. Мутахассиси пешбари бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Рўшони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшони Вазорати  адлияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 919,10  сомонӣ.

      Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансабӣ муовини сардори раёсат:

– таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки уҳдадориҳои мазкури мансаби маъмурии хизматии давлатиро таъмин карда метавонад, 5 сол  собиқаи  хизматии  давлатӣ  ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва  кор бо тобеон, малакаи хуби муошират дар ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ  ҳангоми ҳифзи манфиатҳои давлатӣ.

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансабӣ муовини сардори шуъба:

– таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки уҳдадориҳои мазкури мансаби маъмурии хизматии давлатиро таъмин карда метавонад, 4 сол  собиқаи  хизматии  давлатӣ  ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва  кор бо тобеон, малакаи хуби муошират дар ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ  ҳангоми ҳифзи манфиатҳои давлатӣ.

  Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансабӣ сармутахассис:

– таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки уҳдадориҳои мазкури мансаби маъмурии хизматии давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизматии давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират дар ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми ҳифзи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансабӣ мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки уҳдадориҳои мансаби мазкури маъмурии хизматии давлатиро таъмин карда метавонад - 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

- малакаи хуби муошират дар ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми ҳифзи манфиатҳои давлатӣ.

 

          Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансабӣ мутахассиси пешбари раёсати молия ва хоҷагӣ:

– таҳсилоти олии иқтисодчӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки уҳдадориҳои мазкури мансаби маъмурии хизматии давлатиро таъмин карда метавонад, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

- малакаи хуби муошират дар ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми ҳифзи манфиатҳои давлатӣ.

 

ТАЛАБОТ БАРОИ  ДОВТАЛАБ:

       Таҳсилот : олии  ҳуқуқшиносӣ, иқтисодчӣ:

       Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

     - ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;

     - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

     - тарҷумаи ҳол;

     - нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

     - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

     - маълумотнома аз сармаркази иттилоотӣ-таҳлили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

     - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

     - нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

     - эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;

     - нусхаи шиноснома;

    - нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

     - парванда (лифофа – 1 дона)

 

             Довталабон метавонанд оид ба таҷрибаи кор ва сатҳи касбии худ маълумоти иловагӣ (нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи дараҷа ва унвони илмӣ, такмили ихтисос, номгўи корҳои илмӣ, тавсифномаҳо, тавсияҳо) пешниҳод намоянд.

Озмун аз се марҳила иборат аст, марҳилаи якум - омўзиши ҳуҷҷтҳои довталабон, марҳилаи дуюм - гирифтани кори хаттӣ ва марҳилаи сеюм - саволу ҷавоб бо ҳар як довталаб. Шахсоне, ки аз марҳилаи якум ва дуюм намегузаранд, ба марҳилаи сеюми озмун даъват карда намешаванд ва ҳуҷҷатҳояшон баргардонида мешавад.

 

Суроғаи ќабули ҳуҷҷатҳо:

Барои дастрас намудани маълумоти иловагӣ ба раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сомонаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, (www.minjust.tj; www.adliya.tj), рақами телефони  221-61-09 (факс) метавонед муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун 21 рўзро ташкил медиҳад.

               

      

  1. *Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

    ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.