Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров -1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ , ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ.

Маоши мансабӣ 1294 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

  1. Мутахассиси шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ѓафуров -1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 1062,40 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

  1. Сармутахассиси омори Ҷамоати деҳоти Хистеварз -1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ , ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ.

Маоши мансабӣ 1294,80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

             Аз довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои

 зерин талаб карда мешавад:

-аризаи шахсӣ ба номи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ѓафуров;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ;

-маълумотнома оид ба доштан ё надоштани доѓи судӣ;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Суроѓаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҷамоати шаҳраки Ғафуров, кўчаи А.Нозиров 14, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ошёнаи 2, утоқи № 3 шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, телефон 3-16-01, факс 3-22-44, суроѓаи электронӣ Этот адрес электронной почты зағиғен от спам-ботов. У вас долҷен быть включен JavaScript для просмотра."Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.      

          Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноьияи Бобоҷон Ғафуров баъди чопи аввалини эълон дар муҳлати 21 рўз дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд

  1. *Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

    ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.