Рейтинг:  5 / 5

Звезда активнаЗвезда активнаЗвезда активнаЗвезда активнаЗвезда активна
 
  1. Ёрдамчии Вазир - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1825 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ (самти ҳуқуқ) - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1660 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси Раёсати корҳо - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1660 сомонӣ.
  4. Сармутахассиси Шуъбаи сиёсати техникӣ ва рушди инфраструктураи кишоварзӣ- 2 ҷой, маоши мансабӣ - 1660 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбари Бахши байторӣ ва зотпарварии Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбўриасалпарварӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1352 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбари Бахши амнияти азуқаворӣ ва масъалаҳои СУС-и Раёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқаворӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1352 сомонӣ.
  7. Мутахассиси пешбари Шуъбаи умумӣ ва назорати Раёсати корҳо (бойгонӣ) – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1352 сомонӣ.
  8. Мутахассиси пешбари Шуъбаи матбуот ва иттилоот - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1352 сомонӣ.
  9. Мутахассиси пешбари Раёсати молия ва муҳосибот - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1352 сомонӣ.
  10. Мутахассиси Бахши муҳосибот – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби ёрдамчии вазир:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ   ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешни
ҳод карда мешаванд:

-  ариза ба унвони роҳбари мақомот;

-  варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

-  тарҷумаи ҳол;

-  нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-  нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-  маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038);

-  нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

-  нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН)

-  маълумотнома аз мақомоти андоз оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи 

   молу мулкӣ;

-  нусхаи шиноснома;

-  нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

-  маълумотнома оид ба мавҷуд набудани доғи судӣ;

маълумотнома (объективка).

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

шаҳри Душанбе, н.Сино, кўчаи Шамсӣ 5/1

Телефон барои тамос: 235-38-61, 235-38-44

Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Эзоҳ: довталабон маълумоти бештарро оиди талаботҳои тахассусӣ метавонанд тавассути сомонаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии тоҷикистон www.moa.tj ва сомонаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон www.ahd.tj  дастрас намоянд.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

  1. *Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

    ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.