Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб- 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2719 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ -  1361 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1361 сомонӣ.
  4. Сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1361 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбари бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбари бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112 сомонӣ.
  7. Мутахассиси шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 913 сомонӣ.
  8. Сармутахассис- сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Кўлоб- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ.
  9. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Кўлоб- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ.
  10. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Зарбдор- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ.
  11. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Даҳана- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ.
  12. Сармутахассис оид ба соҳаи омори Ҷамоати деҳоти Зиракӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ.
  13. Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи андози Ҷамоати деҳоти Зарбдор1 ҷой, маоши мансабӣ – 1012 сомонӣ.
  14. Мутахассиси пешбари соҳаи кишоварзии Ҷамоати деҳоти Даҳана1 ҷой, маоши мансабӣ – 1012 сомонӣ.
  15. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Кӯлоб1 ҷой, маоши мансабӣ – 1012 сомонӣ.
  16. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Зиракӣ1 ҷой, маоши мансабӣ – 1012 сомонӣ.

 

                                              Барои иштирок дар озмун

ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда:

- ариза ба унвони Раиси шаҳр;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ

  надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 0,38УЕ;

- нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Талаботи тахассусӣ

 Барои ишғоли мансаби роҳбари дастгоҳ:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби сармутахассис:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер.

 

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-малакаи кор бо компютер.

 

      Суроға ва мўҳлати қабули ҳуҷҷатҳо

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб

Телефон: (8-33-22) 2-29-06, 2-28-26, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Кўлоб;

Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун 21 рўз аз рўзи нашрияҳои расмӣ.

Баррасии ҳуҷҷатҳо 1 ҳафта баъд аз 21 рўзи қабули ҳуҷҷатҳо

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

 

  1. *Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

    ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.