Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сармутахассиси шуъбаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбӣ ихтисос омӯзгорӣ, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии омӯзгорӣ.

-донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, инчунин самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», инчунин дигар қонунҳо ва  санадҳои ҳуқуқии соҳаи маориф ва хизмати давлатӣ;

Маоши мансабӣ- 1427 сомонӣ;

 

  1. Мутахассиси шуъбаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ ихтисос омӯзгорӣ;

-донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, инчунин самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», инчунин дигар қонунҳо ва  санадҳои ҳуқуқии соҳаи маориф ва хизмати давлатӣ;

Маоши мансабӣ- 963 сомонӣ;

 

Довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба озмун пешниҳод намоянд:

- аризаи шахсӣ ба унвони сардори раёсат;  

- вараќаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи раќами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо

  намудаанд)

 -маълумот оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ

 -маълумотнома аз ҷойи  истиқомат

 

 Нишонии қабули ҳуҷҷатҳо: шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Шарқ, №29.

 Телефонҳо барои маълумот: 6-68-92,  4-34-62

 Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: давоми 21 рӯз баъди нашри эълон аз соати 8:00   

  то 17:00 (ба ғайр аз рӯзҳои шанбе ва якшанбе) амалӣ мегардад.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.