Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

  1. Сармутахассиси раёсати тарҷума – 2 ҷой, маоши мансабӣ - 2011 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси раёсати технологияҳои иттилоотӣ, коммуникатсионӣ, таҳрир ва нашр – 2 ҷой, маоши мансабӣ - 2011 сомонӣ.

3 Сармутахассиси шуъбаи молия – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2011 сомонӣ.

  1. Мутахассиси пешбари бахши таъмини фаъолияти кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1494 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари раёсати тарҷума - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1494 сомонӣ.
  3. Мутахассиси раёсати хоҷагӣ ва хизматрасонӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1228 сомонӣ.

     

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; 

         - 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ, кор бо технологияи муосири электронӣ, донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ҳатмист.

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

         - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- сифатҳои ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ, ботаҷрибагӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; 

         - 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

         - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- сифатҳои ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ, ботаҷрибагӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

- таҳсилоти олӣ ва миёнаи  касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

 

Довталабон ҳуҷҷатҳои зеринро ба комиссияи

 озмун пешниҳод менамоянд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли- 038 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

- эъломия дар бораи  даромадҳо ва вазъи молумулкӣ;

- нусхаи шиносномаи шахсӣ;

- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;

       -  нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо

намудаанд.

 

Суроға: ш. Душанбе, хиёбони Рўдакӣ 42,

Телефонҳо барои маълумот: 221-33-07.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз санаи нашри эълони мазкур.

 

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.