Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сардори шуъбаи ҳуқуқ – 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии  ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин менамояд;

-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медароранд;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ;

-донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ ҳатмист;

-дониши идоракунии техникӣ ва барномаҳои системаҳои компютерӣ.

Маоши мансабӣ 4231 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ тибқи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Сармутахассиси шуъбаи молия ва хоҷагидорӣ -1 ҷой,

 Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ, молиявӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ дар соҳаи назорати молиявӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ дар ташкилотҳои буҷетӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаи молияи давлатӣ ва хизмати давлатӣ;

-дониши идоракунии техникӣ ва барномаҳои системаҳои компютерӣ;

-донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист ва донистани яке аз забонҳои хориҷӣ (бартарият дода мешавад);

 Маоши мансабӣ 2011 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Сармутахассиси шуъбаи пешбурди технологияҳои иттилоотию иртиботии Раёсати рушди технологияҳои иттилоотию иртиботӣ -1 ҷой,

    Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии муҳандис - систематехник, барномасоз;

-на камтар аз 3 сол собиқаи умумӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ:

-донистани Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ва барномаҳои СТД (ГОСТ IEC 60950-2011,  СТД Р51318.22-99)

-донистани принсипи кории коммутаторҳо, маршрутизаторҳо, xDSL модемҳо ва фаерволҳо;

-доштани таҷрибаи амалӣ бо пешбурди шабакаҳои компютерӣ ва барномаҳои системаҳои компютерӣ;

-донистани забонҳои русӣ (техникӣ) ва англисӣ (техникӣ) ҳатмӣ мебошад.

 Маоши мансабӣ 2011 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати фаъолияти сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Раёсат оид ба масъалаҳои назорати бонкҳои давлатӣ, фаъолияти сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатӣ - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ва молиявӣ;

-1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ дар соҳаҳои назорати молиявӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ дар ташкилотҳои буҷетӣ, таҷрибаи кории хазинадорӣ, бонкдорӣ ё аудит;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаи молияи давлатӣ ва хизмати давлатӣ;

-доштани таҷрибаи амалӣ бо барномаҳои системаҳои компютерӣ, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 1494 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи молия ва хоҷагидорӣ -1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ - молиявӣ;

-на кам аз 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ аз рўйи ихтисос;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ва хизмати давлатӣ;

-донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист ва донистани яке аз забонҳои хориҷӣ (бартарият дода мешавад);

-дониши идоракунии техникӣ ва барномаҳои системаҳои компютерӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 Маоши мансабӣ 1949 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

 

  1. Мутахассиси пешбари Шуъбаи ҳуқуқ – 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии  ҳуқуқшиносӣ;

-1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва хизмати давлатӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ;

-донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ ҳатмист;

-доштани малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 1494 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи пешбурди технологияҳои иттилоотию иртиботии Раёсати рушди технологияҳои иттилоотию иртиботӣ - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии муҳандис - систематехник, барномасоз; 

-на камтар аз 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ва барномаҳои СТД (ГОСТ IEC 60950-2011,  СТД Р51318.22-99);

-донистани принсипи кории коммутаторҳо, маршрутизаторҳо, xDSL модемҳо ва фаерволҳо;

-доштани таҷрибаи амалӣ бо пешбурди шабакаҳои компютерӣ ва барномаҳои системаҳои компютерӣ;

-донистани забонҳои русӣ (техникӣ) ва англисӣ (техникӣ) ҳатмӣ мебошад.

        Маоши мансабӣ 1494 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси шуъбаи стандартҳо ва таҳлили Раёсати стандартҳо, таҳлил, рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ -1 ҷой,

 Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ, молиявӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мазкурро ба танзим медароранд;

-доштани таҷрибаи амалӣ бо пешбурди шабакаҳои компютерӣ ва барномаҳои системаҳои компютерӣ;

-донистани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва донистани яке аз забонҳои хориҷӣ ҳатмист;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 Маоши мансабӣ 1228 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси шуъбаи молия ва хоҷагидорӣ -1 ҷой,

 Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ, молиявӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ;

        -донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаи молияи давлатӣ ва хизмати давлатӣ;

-дониши идоракунии техникӣ ва барномаҳои системаҳои компютерӣ;

-донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист;

-донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 1228 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус -1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, омўзгорӣ, мутахассисони гуманитарӣ ва касбӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки соҳаҳои фаъолияти хизмати давлатӣ ва хадамоти кадриро ба танзим медарорад;

-донистани фарҳанг, таърих, муқаддасоти миллӣ;

-доштани дониши идоракунии техникӣ ва барномаҳои системаҳои компютерӣ;

-донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист ва донистани яке аз забонҳои хориҷӣ бартарият дода мешавад;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 Маоши мансабӣ 1228 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси шуъбаи умумӣ -1 ҷой,

 Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, омўзгорӣ, мутахассисони гуманитарӣ ва касбӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки соҳаҳои фаъолияти хизмати давлатиро ба танзим медарорад;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ;

-дониши идоракунии техникӣ ва барномаҳои системаҳои компютерӣ;

-донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист ва донистани яке аз забонҳои хориҷӣ бартарият дода мешавад;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 1228 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ тибқи ё Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

-ҷузъдон (скоросшиватель);

-аризаи шахсӣ ба номи Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли муқарраргардида;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо дар шакли муқарраргардида (маълумотҳои шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дақиқ, пурра ва фаҳмо нишон дода шавад);

-тарҷумаи ҳол бо шакли муқарраргардида;

-2 дона акси андозаи 4х6 ва 2 дона акси андозаи 3х4;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, дараҷаи илмӣ ва такмили ихтисос (агар чунин ҳуҷҷатҳо бошанд);

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумот (эъломия) дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

-нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);

-нусхаи шиноснома;

-маълумотномаи доғи судӣ (МИ ВКД ҶТ)

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

- маълумотнома (объективка) дар шакли хаттӣ ва электронӣ.

 

Эзоҳ: Барои довталбон ба Раёсати рушди технологияҳои иттиллотию иртиботӣ маълумоти олии пурраи касбӣ ва маҳорати мустақилона омода намудани барномаи компютерӣ ҳатмӣ мебошад.

Ба занон, инчунин шахсоне, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо намуда, бори нахуст ба хизмати давлатӣ дохил мешаванд бартарӣ дода мешавад.

 

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 21 рўз баъди нашри якуми эълон қабул карда мешавад.

Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Рўдакӣ 36, индекс: 734025, телефон 227-38-74, почтаи электронӣ:Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 Довталабон метавонанд бо маълумоти иловагӣ, аз ҷумла намунаи аризаи шахсӣ ба номи  Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо, тарҷумаи ҳол, маълумотнома ва бо дигар маълумоти иловагӣ аз сомонаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон www.sai.tj  шинос шаванд.

 

 

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.