Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сармутахассиси Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1357 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1357 сомонӣ.
  3. Мутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 913 сомонӣ.
  4. Сармутахассис - сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Кўлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ.
  5. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Кўлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ.
  6. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Зарбдор - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ.
  7. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Зарбдор - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ.
  8. Сармутахассис оид ба соҳаи омори Ҷамоати деҳоти Зиракӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ.
  9. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Зарбдор - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1062 сомонӣ.
  • Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Кӯлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1062 сомонӣ.
  • Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Зиракӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1062  сомонӣ.
  • Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Даҳана - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1062 сомонӣ.
  • Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи андози Ҷамоати деҳоти Кӯлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1062 сомонӣ.
  • Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи кишоварзии Ҷамоати деҳоти Даҳана - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1062 сомонӣ.

 

                                         Барои иштирок дар озмун

ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда:

- ариза ба унвони Раиси шаҳр;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ

  надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 0,38УЕ;

- нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби сармутахассис:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер.

 

 

Талаботи тахассусӣ

 барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-малакаи кор бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассис:

         - таҳсилоти олии касбӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-малакаи кор бо компютер.

 

       Суроға ва мўҳлати қабули ҳуҷҷатҳо:

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб.

Телефон: (8-33-22) 2-29-06, 2-28-26, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Кўлоб;

Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун 21 рўз аз рўзи нашрияҳои расмӣ.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.