Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сармутахассиси шуъбаи қонунгузорӣ оид ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1347,86 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозӣ– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1129,84 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари бахши таҳлили таъсири танзимкунӣ– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1129,84 сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, молиявӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмуриро таъмин карда метавонад;

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавҷудияти дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон, малакаи хуби муошират,  донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ (ҳамчун афзалият ба ҳисоб меравад), кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ (MS Word, MS Excel, MS PowerPoint ва дигарҳо), донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмуриро таъмин карда метавонад;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавҷудияти дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон, малакаи хуби муошират,  донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ (ҳамчун афзалият ба ҳисоб меравад), кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ (MS Word, MS Excel, MS PowerPoint ва дигарҳо), донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари Маркази миллии қонунгузорӣ;    

- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;

- шарҳи ҳол;

- нусхаи диплом;

- 2 дона расми 3х4 ;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;

- нусхаи  РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумотномаи доғи судӣ

-маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ муқарраргардида;

- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН)

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд)

- маълумотнома (справка-объективка).

 

Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи академик А.Адҳамов, 13, индекс: 734024, телефон/факс: 227-45-15; 227-63-64, почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузорӣ: www.mmk.tj.

Эзоҳ: Озмун дар асоси суҳбат ва омӯзиши ҳуҷҷатҳо ҷамъбаст мегардад. Ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 2 январи соли 2023 қабул мегарданд.