Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Мудири бахши ҳуқуқ, такмил ва мониторинги хариди давлатӣ – 1 ҷой,

- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

-донистани Конститутсияи Ҷумњурии Тоҷикистон, санадњои меъёрии њуқуқии Ҷумњурии Тоҷикистон ва санадњои њуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидањои имлои забони тоҷикӣ њатмист. Донистани забонњои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

-дониш ва малакаи роњбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират бо ањли ҷомеа, аз ҷумла мањорати ба роњ мондани њамкорӣ њангоми татбиқи манфиатњои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 1735,85 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

Малакаи хуби роҳбарӣ, муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ, кор бо компютер ва таҷҳизоти коммуникатсионии идоравӣ, донистани забони давлатӣ ва як забони хориҷӣ барои ҳамаи довталабон ҳатмист.

Ба шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намуданд, забонҳои хориҷиро медонанд ва унвонҳои соҳавии илмӣ доранд, афзалият дода мешавад.

 

 Довталабон ба Комиссияи озмун ҳуҷҷатҳои

 зеринро пешниҳод менамоянд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ (шакли муқарраршуда);

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо ду дона расми андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот;

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи меҳнатӣ (дафтарчаи меҳнатӣ);

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсони дорои уҳдадории ҳарбӣ);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038);

- нусхаи гувоҳинома аз мақомоти андоз (РМА);

- маълумотнома аз ҷои зист;

- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);

- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ (аз Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон);

 

Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои мазкурро тавассути суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ё бо суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Шотта Руставелӣ, 22 пешниҳод карда, маълумоти иловагиро дар хусуси низоми озмун, салоҳият ва вазифаҳои мансабӣ ба воситаи телефонҳои    227-66-21, 227-66-79 ё сомонаи www.zakupki.gov.tj дастрас намоянд.

Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷчатҳо 21 рўз пас аз нашри эълони мазкур дар воситаҳои ахбори омма (аз соати 08 то 17.00) муқаррар мешавад.

 

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.