Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Муовини сардори раёсати таҳлил ва банақшагирии захираи давлатӣ -1 ҷой.

    Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ва гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

 - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.  

Маоши мансабӣ- 2585,15 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

  1. Мудири бахши коргузорӣ ва назорат -1 ҷой.

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

              - таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ва гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

           - 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

   - дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

           - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.  

Маоши мансабӣ1735,85 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

  1. Мутахассиси пешбари раёсати ташкил ва идораи захираи давлатӣ -1 ҷой.

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ва гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 1 сол собиқаи умумӣ;

- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мазкурро ба танзим медароранд;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. 

Маоши мансабӣ1286,50 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

  1.   Мутахассиси раёсати ташкил ва идораи захираи давлатӣ - 1 ҷой.

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ва молиявӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мазкурро ба танзим медароранд;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. 

Маоши мансабӣ1062,40 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

  1.            Мутахассиси раёсати кадрҳо, хоҷагидорӣ ва корҳои махсус– 1 ҷой.

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ, молиявӣ ва муҳандисӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мазкурро ба танзим медароранд;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. 

Маоши мансабӣ1062,40 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

  1.      Мутахассиси пешбари бахши идораи захираи сафарбарӣ – 1 ҷой.

 

- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ  ва гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 1 сол собиқаи умумӣ;

- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мазкурро ба танзим медароранд;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. 

Маоши мансабӣ1286,50 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

      

     

    Барои иштирок дар озмун аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

- аризаи шахсӣ ба номи директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо 2 дона расми андозаи 4х6 ва 3х4);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулкӣ;

-маълумотнома (объективка);

-маълумотнома оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Раёсати кадрҳо, хоҷагидорӣ ва корҳои махсуси Агентии захираҳои моддии давлатӣ, баъди чопи аввали эълон дар муҳлати 21 рўз дар шакли хаттӣ ва ё электронӣ қабул карда мешаванд. Суроға: ш.Душанбе, кўчаи Ҳусейнзода 14, телефон 227-36-83, факс 227-21-33.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.