Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сармутахассиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 943 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари Кумитаи идораи замини вилояти Суғд -1 ҷой, маоши мансабӣ - 846 сомонӣ.
  3. Мутахассиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 769 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари Кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳои Ашт, Айнӣ, Исфара, К.Мастчоҳ, Бўстон, Гулистон - 6 ҷой, маоши мансабӣ - 846 сомонӣ.

 

Барои иштирок дар озмун  
ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 4 дона акси андозаи 3х4);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- маълумотнома оид ба доғи судӣ доштан ё надоштан;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо

  намудаанд).

                                Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбии заминсозӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- малакаи кор бо компютер;

- доштани на кам аз 2 соли собиқаи  хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнати;

- донистани забони хориҷӣ: русӣ ва англисӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбии заминсозӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- малакаи кор бо компютер;

- донистани забони хориҷӣ: забони русӣ ва англисӣ;

 

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассис:

- таҳсилоти олии касби, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- малакаи кор бо компютер;

        - донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ ва англисӣ;      

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

Шаҳри Хуҷанд, кўчаи Фирдавсӣ-116, шуъбаи умумии Кумитаи идораи замини вилояти Суғд.       

      (Телефонҳо барои маълумот: (8-34-22) 6-21-97.

       

 

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.