Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Муовини сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Истаравшан – 1 ҷой,

   Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбӣ ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансаби категорияи 3 ё 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ (донистани забони хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад), кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ ва донистани технологияи компютерӣ.

Маоши мансабӣ 2227,55 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали тарифӣ.

  1. Сармутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Конибодом – 1 ҷой,

   Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбӣ ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ (донистани забони хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад), кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ ва донистани технологияи компютерӣ.

Маоши мансабӣ 1361,20 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали тарифӣ.

  1. Мутахассиси Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Истаравшан – 1 ҷой,

   Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, донистани технологияи компютерӣ.

Маоши мансабӣ 913 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали тарифӣ.

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Мастчоҳ – 1 ҷой,

   Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ ва донистани технологияи компютерӣ.

Маоши мансабӣ 1062,40 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали тарифӣ.

  1. Мутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Гулистон – 1 ҷой,
  2. Мутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Спитамен– 1 ҷой,
  3. Мутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Конибодом– 1 ҷой,

   Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, донистани технологияи компютерӣ.

Маоши мансабӣ 913 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали тарифӣ.

ХУҶҶАТҲОИ ЗАРУРИИ ПЕШНИҲОДШАВАНДА:

- аризаи шахсӣ ба унвони сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Cуғд;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи дафтарчаи мехнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнати надорад);

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот;

- маълумотнома оид ба вазъи  саломатӣ (шакли 038УЕ);

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома аз ВКД оиди надоштани доғи судӣ;

- нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- маълумотнома(объективка);

- нусхаи билети харбӣ (барои шахсоне, ки хизмати харбиро адо намудаанд);

- ( 4 дона расми 4х6)

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 28, бинои Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, ошёнаи 2.

Телефон 5-64-23, факс 6-68-05, нишонаи сомона shugl10@mail.ru.
          Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар  вилояти Суғд, баъди чопи аввали эълон дар муҳлати 21 рўз дар шакли хаттӣ ва ё электронӣ қабул карда мешаванд.