Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

ДАСТГОҲИ МАРКАЗӢ

 

  1. Сардори раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2994,90 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси шуъбаи ташкили ва умумӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ -1502,30 сомонӣ.
  3. Мутахассиси раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ шуъбаи иҷозатномадиҳӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1012,60 сомонӣ.

 

                       РАЁСАТИ ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ

                                  ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

 

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1170,30 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси шуъбаи баҳисобгири ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар “Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе” – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1427,60 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари шуъбаи баҳисобгири ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар “Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе” – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1170,30 сомонӣ.

 

                          РАЁСАТИ ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ

                    ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

 

  1. Мутахассиси пешбари бахши муҳоҷиратӣ дохилӣ ва экологи- 1 ҷой, маоши мансабӣ 1170,30 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент -1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Бустон -1 ҷой, маоши мансабӣ - 1112,20 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт -1 ҷой, маоши мансабӣ - 1062,40 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1062,40 сомонӣ.

РАЁСАТИ ХАДАМОТИ  МУҲОҶИРАТ

ДАР  ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

  1. Мутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ -962 сомонӣ.
  2. Мутахассис пешбари бахши Хадамоти мухоҷират дар н. Вахш - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1062,40 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбар бахши Хадамоти муҳоҷират дар н.М.С.А. Ҳамадонӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1062,40 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти мухоҷират дар н. Восеъ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1062,40 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбар шуъбаи Хадамоти мухоҷират дар н. Данғара -1 ҷой, маоши мансабӣ - 1170,30 сомонӣ.
  6. Мутахассис пешбари шуъбаи Хадамоти мухоҷират дар н. Ҷайҳун - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1170,30 сомонӣ.
  7. Мутахассиси пешбари бахши Хадмоти муҳоҷират дар н.Н.Хусрав – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1062,40 сомонӣ.

ШУЪБА ВА БАХШҲОИ ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ

  1. Мутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар н.Лахш – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 890,70 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар н.Сангвор -1 ҷой, маоши мансабӣ - 1062,40 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар н.Тоҷикобод -1 ҷой, маоши мансабӣ - 1062,40 сомонӣ.
  4. Мутахассиси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ш.Ваҳдат - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 913 сомонӣ.

ШУЪБА ВА БАХШҲОИ ХАДАМОТИ

 МУҲОҶИРАТ ДАР ВМКБ                            

  1. Мутахассиси пешбари бахши молия ва хоҷагидорӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1215,10 сомонӣ.
  2. Мутахассиси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ш.Хоруғ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1157 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари Бахши Хадамоти муҳоҷират дар н.Ванҷ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1088 сомонӣ.
  4. Мутахассиси Бахши Хадамоти муҳоҷират дар н.Ванҷ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 897,10 сомонӣ.

 

         Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии  Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  талаботҳои тахассусии зерин муқаррар шудааст:

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансабӣ Сардори раёсат:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисос ба вазифаи ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ марбут ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират, сифатҳои касбӣ, донистани забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ, кор бо технологияи муосири электронӣ, таҳлили масъала ва мулоҳизаронӣ.

   

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансабӣ Сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисос ба вазифаи ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ марбут ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират, сифатҳои касбӣ, донистани забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ, кор бо технологияи муосири электронӣ, таҳлили масъала ва мулоҳизаронӣ.

 

         Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансабӣ Мутахассиси пешбар:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисос ба вазифаи ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-1 собиқаи умумии меҳнатӣ,

- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ марбут ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират, сифатҳои касбӣ, донистани забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ, кор бо технологияи муосири электронӣ, таҳлили масъала ва мулоҳизаронӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансабӣ Мутахассис:

-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ марбут ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират, сифатҳои касбӣ, донистани забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ, кор бо технологияи муосири электронӣ, таҳлили масъала ва мулоҳизаронӣ.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро

пешниҳод кардан лозим аст:

-ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ дар шакли муқарраргардида;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

-тарҷумаи  ҳол;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи хуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

-маълумотнома оид ба вазъи саломатии (шакли № 038 УЕ);

-нусхаи шиноснома дар бораи додани рақами мушахасси андозсупоранда (ИНН);

-маълумотнома аз ҷои истиқомат;

-маълумот «Дар бораи тасдиқи Эъломия оид ба андоз аз даромад ва Эъломия оид ба вазъи амволии хизматчии давлатӣ»

-маълумотномаи оиди доғи Суди доштан (ИЦ)

-маълумотнома (объективка) дар бораи фаъолияти корӣ.

         Мувофиқи банди 16-и Низомномаи тартиби гузаронидани озмун
«Харо
ҷоти вобаста ба иштироки довталаб дар озмун (омаду рафт ба маҳалли гузаронидани озмун, иҷораи ҷойи истиқомат) аз ҳисоби довталаб пардохт карда мешавад. 

         Ба маоши вазифавӣ, инчунин фоизи муайян барои собиқаи хизмати давлатӣ пешбини шудааст.

        

Эзоҳ: Қабули ариза ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун аз рўзи чопи эълони мазкур дар мўҳлати 21 рўз аз тарафи бахши кадрҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе кўчаи Айнӣ-121 амалӣ карда мешавад.   Телефон барои тамос: 225-05-73.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.